Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Сарвазири Шветсия пас аз шикасти интихоботӣ истеъфо дод
Сарвазири Шветсия Улф Кристерссон пас аз натиҷаи ниҳоии интихоботи парлумонӣ аз мақомаш истеъфо дод. Ин иқдом роҳро барои ташкили ҳукумати нави таҳти раҳбарии Магдалена Андерссон боз мекунад.
Дар интихобот эътилофи чапгарои марказӣ бо раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократии Андерссон 176 курсӣ аз 349 курсии Риксдаг (парлумони Шветсия)-ро ба даст овард, дар ҳоле ки ҷиноҳи ростгарои ҷонибдори Кристерссон 173 курсӣ гирифт. Фарқи ду ҷониб ҳамагӣ 50 ҳазору 359 овоз буд.
Андерссон, ки қаблан солҳои 2021–2022 сарвазири Шветсия буд, акнун барои ташкили ҳукумати нав бояд бо се ҳизби дигар - Ҳизби чап, Ҳизби сабз ва Ҳизби марказ ба созиш бирасад. Ихтилофи мавқеъҳо миёни ин ҳизбҳо метавонад музокироти ташкили ҳукумати навро тӯлонӣ кунад.
Кристерссон то ташкили ҳукумати нав вазифаи сарпарастии ҳукуматро идома медиҳад. Интизор меравад, ки парлумон масъалаи интихоби сарвазири навро аз 29-уми сентябр баррасӣ кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд