Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
Амрико барои боздоштани як ҳамлаи Эрон 80 мушак истифода кард
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои боздоштани як ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳаш дар Урдун 80 мушаки зиддиҳавоӣ партоб кардааст.
Рӯзномаи “Уолл Стрит Журнал” бо истинод ба мақомоти низомии амрикоӣ ва кишварҳои минтақа навишт, ки неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муқобила бо ҳамлаи Эрон аз 60 то 70 мушаки Патриот ва беш аз 12 мушаки THAAD истифода намудааст.
Тибқи гузориши ин рӯзнома, шумораи мушакҳои истифодашуда барои ҳамлаи мушакии Эрон чанд баробар бештар аз мушакҳои партобшуда аз ҷониби Эрон будааст.
Тибқи навиштаи “Уолл Стрит Журнал” неруҳои амркоӣ дар ҷараёни ин амалиёт тақрибан ба андозаи захираи якҳафтаинаи мушакҳои зиддимушакии худ истифода намудаанд.
Бар асоси гузориши расонаҳо, мураккаб будани ҳамлаҳои Эрон барои системаи зиддиҳавоии Амрико мушкилоти бештар эҷод намудааст. Таъкид мешавад, ки истифодаи самтҳои мухталифи парвоз, навъҳои мухталифи мушак ва манёврҳои муайянкунии мушакҳо кори системаи зиддиҳавоии Амрикоро душвортар намудааст.
Ин нашрия иттилоъ медиҳад, ки дар ин ҳамла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва дигар ҳавопаймоҳои воқеъ дар пойгоҳи “Муваффақ ас-Салтӣ” дар кишвари Урдун мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.
Ин нашрия дар ҳоле ин иттилоъро нашр мекунад, қаблан мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки ба пойгоҳи мазкур зарари ҷиддӣ нарасидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд