Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Дар Душанбе фестивали ҳуши маснуъӣ ва технологияҳои рақамӣ баргузор мешавад
Дар шаҳри Душанбе рӯзи 5-уми сентябр Фестивали ҳуши маснуъӣ, навоварӣ ва технологияҳои рақамӣ доир мегардад. Дар он ширкатҳои технологӣ, донишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ширкат хоҳанд кард.
Фестивал бо номи «Гузаргоҳи зеҳни сунъӣ» (AI ALLEY) дар боғи «Куруши Кабир» баргузор мешавад. Барномаи чорабинӣ аз соати 17:00 то 22:00 идома мекунад. Ташкилкунандаи фестивал Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон аст. Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ҳадафи асосии фестивал муаррифии имкониятҳои зеҳни сунъӣ ва нишон додани истифодаи амалии технологияҳои рақамӣ барои сокинон мебошад.
Дар ин чорабинӣ ширкатҳои технологӣ, донишгоҳҳо, мактабҳои махсус ва таҳиягарон лоиҳаҳо ва таҷрибаи худро дар истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод мекунанд. Меҳмонон метавонанд аз намоишгоҳҳо боздид карда, дар семинарҳои омӯзишӣ, озмунҳо ва барномаҳои интерактивӣ иштирок кунанд.
Барномаи фестивал ба чаҳор бахши асосӣ тақсим шудааст. Дар саҳнаи асосӣ маросими ифтитоҳ, муаррифии технологияҳо, баромадҳои коршиносон, озмунҳо ва супоридани ҷоизаҳо баргузор мешаванд.
Минтақаи намоишгоҳҳо барои муаррифии лоиҳаҳои ширкатҳои технологӣ, стартапҳо, донишгоҳҳо ва марказҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи омӯзиши зеҳни сунъӣ семинарҳо, маърӯзаҳои кӯтоҳ, машваратҳои касбӣ ва машғулиятҳои амалӣ баргузор мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад