Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид
Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати молия, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) Созишномаи грантӣ оид ба лоиҳаи бунёди зеристгоҳ барои низоми магистралии интиқоли неруи барқ дар шаҳри Душанбе ба имзо расонда шуд.
Манбаъ навиштааст, ки созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва роҳбари намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёшимаса Такэмура имзо намуданд.
Гуфта мешавад, ки бибқи созишнома, зеристгоҳи нави барқии 220/110/10 кВ дар қисмати шарқии пойтахт (наздикии «Боғи Ғалаба») бунёд мегардад.
“Татбиқи лоиҳа ба таҳкими инфрасохтори энергетикии шаҳри Душанбе, баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ ва қонеъ гардондани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳои пойтахт ба неруи барқ мусоидат хоҳад кард”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”