Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Масъалаи бунёди захираи боэътимоди матнҳои тоҷикӣ дар фазои рақамӣ баррасӣ шуд
Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон 42,5 миллион доллар маблағҳои иловагӣ ҷудо мекунад
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати молия хабар медиҳад, зимни вохӯриҳо масъалаи иштироки ҳар ду ниҳоди байналмилалии молиявӣ дар маблағгузории неругоҳи барқи обии «Роғун» ва ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳо ҷиҳати татбиқи саривақтии ин лоиҳаи муҳим баррасӣ гардид.
Манбаъ навиштааст, ки Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории лоиҳа ҷудо намудани 500 миллион доллари ИМА, аз ҷумла 200 миллион доллар дар шакли грант ва 300 миллион доллар ҳамчун қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд.
“Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи низоми ҳаммаблағгузорӣ дар асоси расмиёти ягона (Full Mutual Reliance Framework) аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд дар доираи лоиҳаи НБО «Роғун» зоҳир гардид. Ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи талаботу расмиёти ягона барои арзёбӣ, харид ва назорати татбиқи лоиҳа, пешгирии такрори расмиёт ва суръат бахшидан ба ҷалби маблағгузориро муҳокима намуданд”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст