Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
110 кило. Агентии “Тоҷикстандарт” аз ошкор кардани маҳсулоти ҳасибии пастсифат ва ғайристандартӣ хабар дод
Тибқи иттилои Агентии “Тоҷикстандарт”, дар доираи гузаронидани мониторинги назоратӣ ва назорати инспексиониву корҳои фаҳмондадиҳӣ дар сехи истеҳсоли маҳсулоти ҳасибии «Ориёнӣ», воқеъ дар шаҳри Душанбе, ки ба соҳибкор Ҷамолов М. тааллуқ дорад, маҳсулоти ҳасибии пастсифат ва ғайристандартӣ ошкор карда шуд.
Афзуда мешавад, ки дар дохили сех маҳсулоти гуногуни ҳасибӣ, ки бо сабаби нодуруст нигоҳдоштан маҳсулот сифати худро гум кардааст ва ба талаботи регламентҳои техникӣ ҷавобгӯ намебошад, инчунин, муҳлати истеъмоли баъзе аз онҳо гузаштааст, ошкор гардид.
“Маҳсулоти мазкур ба ҳаҷми 110 кг тибқи санади дахлдор ҳамчун маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайриқобили истифода аз сех гирифта шуда, барои несту нобудсозӣ равона карда шуд”, - омадааст дар иттилоия.
Агентии “Тоҷикстандарт” таъкид мекунад, ки бояд истеҳсолкунандагон, соҳибкорон ва фурӯшандагон ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, борҷомакунӣ ва ҳамлу нақли маҳсулот талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва қоидаҳои бехатарии маҳсулотро риоя намоянд. Ҳамчунин, соҳибкорон бояд барои пешгирии воридшавии маҳсулоти муҳлати истеъмолиаш гузашта ва ғайристандартӣ ба бозори истеъмолӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад