Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафтанд
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Намояндаи тиҷоратии Русия: Тоҷикистон метавонад содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш диҳад
Александр Рибас, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар як нишаст гуфт, Тоҷикистон барои афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Русия имкониятҳои бузург дорад, аммо рушди логистика ва анборҳо барои истифодаи ин иқтидор ҳалкунанда хоҳад буд.
Тибқи иттилои Александр Рибас ҳаҷми тиҷорати мутақобилаи маҳсулоти ғизоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар ҳоли афзоиш аст. Бо вуҷуди ин, набудани марказҳои муосири бортақсимкунӣ, анборҳои сардхона ва нақлиёти рефрижераторӣ содироти маҳсулоти Тоҷикистонро маҳдуд мекунад.
«Набудани марказҳои муосири бортақсимкунӣ, анборҳои сардхона ва нақлиёти рефрижераторӣ маҳдудияти асосиест, ки бояд бо талошҳои муштарак бартараф карда шавад», — таъкид кард Александр Рибас дар нахустин Форуми байналмилалии саноати хӯрокворӣ дар Душанбе.
Александр Рибас ҳамчунин, гуфт, ки барои ворид шудани устувори маҳсулоти Тоҷикистон ба шабакаҳои бузурги савдои Русия, пеш аз ҳама, риояи анборҳои борнигоҳдорӣ дар тамоми марҳилаҳои нигоҳдорӣ ва интиқол муҳим аст.
Ба гуфтаи ӯ, бастабандии маҳсулот дар ҳаҷми хурд мустақиман аз ҷониби истеҳсолкунандагон ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси фермерон дар самти стандартҳои муосири сифат низ зарур мебошад.
Намояндаи тиҷоратии Русия гуфт, ки рушди ин самтҳо метавонад ба таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистон мусоидат кунад.
Ҳамзамон, таъсиси долони содакардашудаи гумрукӣ миёни Русия ва Тоҷикистон ва рушди масирҳои мултимоделӣ дар доираи долони байналмилалии «Шимол — Ҷануб» метавонад интиқоли молро суръат бахшад.
Рибас аз соҳибкорон даъват кард, ки барои баромадан ба бозори Русия аз имкониятҳои мавҷудаи логистикӣ ва гумрукӣ фаъолтар истифода кунанд.
Ба эътиқоди ӯ, таъсиси корхонаҳои муштарак метавонад яке аз роҳҳои самараноки рушди содирот бошад. Дар чунин шакл Тоҷикистон метавонад ашёи хом, иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дониши бозори маҳаллиро пешниҳод кунад, дар ҳоле ки ҷониби Русия технология, таҷрибаи логистикӣ ва дастрасӣ ба шабакаҳои чаканаи худро истифода мебарад.
Дар ҳамчун намуна Рибас корхонаи муштараки «Таджросэкспорт»-ро ном бурд, ки моҳи май аз ҷониби ширкати русии «Солнечная долина» ва корхонаи давлатии «Таджагропромэкспорт» таъсис ёфтааст. Корхона аллакай аввалин интиқоли маҳсулоти Тоҷикистонро ба Русия анҷом додааст.
Русия яке аз бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар соли 2025 гардиши савдои ду кишвар аз 2,47 миллиард доллар гузашт, ки нисбат ба соли қаблӣ тақрибан 25 дарсад бештар мебошад. Ҳиссаи Русия дар гардиши умумии савдои хориҷии Тоҷикистон тақрибан 22,9 дарсад буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст