Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст
Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед
Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар бораи сабабҳои нооромиҳои ин кишвар гуфт, ки барои гунаҳкор донистани дигарон дер шудааст. Ӯ аз Макрон хост, ки ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳад.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Ироқчӣ рӯзи душанбе, 19-уми октябр, дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Икс” ба изҳороти ахири Макрон вокуниш нишон дод. Раиси ҷумҳури Фаронса сабаби нооромиҳои ахир дар кишварашро боло рафтани нархи сӯзишворӣ дар пайи ҷанги ИМА алайҳи Эрон дониста буд.
Вазири корҳои хориҷии Эрон бо замима кардани паёми Макрон ба Доналд Трамп дар ҳимоят аз ҷанг алайҳи Эрон навишт, ки Макрон замоне барои ба вуҷуд омадани ин вазъ замина фароҳам кард, ки ба раиси ҷумҳури ИМА итминон дод, аз ҷиноятҳо алайҳи эрониён истиқбол мекунад.
Ироқчӣ афзуд, мардуми Фаронса хостори тағйироти бунёдӣ, аз ҷумла тазмини озодии баргузории гирдиҳамоиҳо ҳастанд.
Вазири корҳои хориҷаи Эрон дар паёми худ мустақиман ба Макрон хитоб карда, навишт: “Ҷаноби раиси ҷумҳур, ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед”.
Макрон: “Нархи баланди сӯзишворӣ яке аз сабабҳои эътирозҳост”
Макрон шаби гузашта дар бораи эътирозҳое, ки се ҳафта боз дар Фаронса идома доранд, гуфт, ки набояд эътирозгарони осоишта бо ғоратгарон ва ошӯбгарон яксон дониста шаванд.
Ӯ изҳор дошт, ки бархе аз мардум ба таври асоснок эҳсос мекунанд, ки нархи сӯзишворӣ аз ҳад зиёд боло рафтааст. Ба гуфтаи Макрон, ин масъала ба рӯйдодҳои Халиҷи Форс ва ҷанге марбут аст, ки Фаронса дар он иштирок надорад.
Вокуниши сухангӯи Вазорати корҳои хориҷаи Эрон
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, низ шаби гузашта ба изҳороти Макрон вокуниш нишон дод.
Ӯ бо ишора ба нооромиҳо дар Фаронса ва эътирозҳои зидди низоми ҳоким дар ИМА гуфт, ки вақте оташ ба хонаи худи кишварҳо мерасад ва дар Амрико садои “на ба подшоҳ” баланд мешавад, бояд дар хотир дошт, ки таърих ҳамеша аз тирезае, ки эътилофҳои номатлуб барои он боз мекунанд, ба сӯхтани ҷаҳон менигарад, нест.
Бақоӣ дар идома таъкид кард, ки гоҳе таърих ҳамон тирезаро мешиканад ва ба хонаи соҳибонаш бармегардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст