19 Октябр 2026,
душанбе, 16:06, Душанбе
19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.

Кишвари Фаронса, ки яке аз иқтисодҳои бузурги Аврупо аст, дар ин шабу рӯз шоҳиди эътирозҳои густурда шудааст. Рӯзи 17-уми октяр бар шаҳри Париж ва чанд шаҳрҳои дигари кишвар ҳазорон нафар ба кӯчаҳо баромадаанд. Онҳо аз гарон шудани зиндагӣ, мушкилоти низоми мориф ва коҳиши сифати хизматрасониҳои ҷамъиятӣ изҳори норозигӣ намуданд.

Вазорати корҳои дохилии Фаронса гуфт, дар эътирозҳои хиёбонӣ 550 ҳазор нафар тазоҳургарон ширкат кардаанд. Гуфта мешавад, ки тазоҳурот бо хушанат, ғорати мағозаҳо ва осеб расондан ба биноҳои ҷамъиятӣ поён ёфт.

Сарвазири Себастен Лекорню афзуд, ки дар ҷараёни нооромиҳо тақрибан 1 ҳазору 200 нафар боздошт ва 150 корманди полис захмӣ шудаанд. Дар чанд шаҳр, аз ҷумла Лион ва Марсел ҳодисаҳои сӯхтор ва тахриби моликият сабт шудааст. Эммануэл Макрон тазоҳуроти оммавии мардуми бахашмомадаро маҳкум кард.  Ӯ дар баробари маҳкум намудани эътирози мардуми бахашомада таъкид кард, ки масъалаи дархостҳои иҷтимоии эътирозгарон мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Қазҳои давлатии Фаронса ба шакли бесобиқа афзоиш ёфтааст

Дар пасманзари норозигии иҷтимоӣ, вазъияти молиявии Фаронса низ нигаронкунанда боқӣ мемонад. Бар асоси иттилооти Институти миллии омор ва таҳқиқоти иқтисодии ин кишвар, қарзи давлатии Фаронса дар охири семоҳаи дуюми соли 2026 ба 3 триллиону 595, 5 миллиард евро расидааст.

Ин рақам ба 119 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Дар семоҳаи нахусти сол ин нишондиҳанда 117, 5 фоиз буд.

Тибқи гузориши расонаҳо, ҳаҷми қарзи ҷамъшудаи бахши давлатӣ аз арзиши тамоми молу хизматрасониҳое, ки иқтисоди Фаронса дар як сол истеҳсол менамоянд, бештар гардидааст.

Ин вазъияти иқтисодӣ худ ба худ маънои муфлисшавии кишварро надорад. Вале афзоиши пайвастаи қарз метавонад имкониятҳои молиявии ҳукуматро маҳдуд кунад, бахусус вақте ки кишвар барои пардохти хароҷоти ҷорӣ низ ба гирифтани қарз ниёз дорад.

Мушкилоти асосӣ дар он аст, ки хароҷоти кишвар аз даромадҳо бештар боқӣ мемонад. Дар чунин ҳолат ҳукумат маҷбур мешавад, барои пӯшидани камбуди буҷет аз бозорҳои молиявӣ маблағ қарз мегиранд.

Агар ин раванд идома ёбад, қисми бештари маблағҳои буҷетӣ метавонад барои пардохти фоизи қарзҳои пешина сарф шавад. Дар натиҷа барои маблағгузории мактабҳо, беморхонаҳо, нақлиёт ва дигар хизматрасониҳои ҷамъиятӣ имкониятҳои камтар боқӣ мемонад.

Ҳукумат дар миёни ду интихоби душвор

Барои коҳиш додани қарз ҳукумати Фаронса бояд ё хароҷоти кишварро кам намояд ё даромади буҷетро бештар намояд. Ҳар ду роҳ метавонад паёмадҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дошта бошад.

Коҳиши хароҷот эҳтимол дорад ба хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ва барномаҳои иҷтимоӣ таъсир расонад. Аз ҷониби дигар, афзоиши андозҳо метавонад бори молиявии оилаҳо ва соҳибкоронро бештар намояд.

Ин масъала дар шароите аҳамияти хос пайдо менамояд, ки мардум аз ҳоло аз гарон шудани зиндагӣ ва мушкилоти маишӣ норозӣ мебошанд.

Ҳукумат бояд роҳи коҳиш додани касри буҷетро пайдо кунад, аммо ҳамзамон аз тадбирҳое худдорӣ кунад, ки фишори иқтисодиро ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа бештар менамояд.

Дар чунин шароит ҳар як қарори иқтисодӣ метавонад ба баҳси сиёсӣ табдил ёбад. Агар ҳукумат барои коҳиш додани қарз, харҷи хароҷоти иҷтимоиро кам намояд, эҳтимоли эътирозҳо вуҷуд дорад. Агар ҳукумат ислоҳотро дер кунад, қарз метавонад афзоиш ёбад ва хароҷоти хизматрасонии он бештар шавад.

Чаро мардум ба кӯчаҳо баромаданд?

Тазоҳуроти ахир фақат ба афзоиши қарзи давлатӣ вобаста нест. Омилҳои асосии норозигӣ мухталиф ва ба масъалаҳои рӯзмарраи зиндагии мардум иртибот дорад.

Яке аз ин масъалаҳо вазъияти ороми низоми маориф мебошад. Норасоии омӯзгорон, мушкилоти муассисаҳои таълимӣ ва нигаронӣ аз сифати таҳсил омилҳоеанд, ки ба сафарбар кардани донишҷӯён ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ мусоидат намудаанд.

Баъд аз ин талабот ба беҳтар гардидани шароити зиндагӣ, афзоиши даромад ва ҳифзи хизматрасониҳои ҷамъиятӣ низ ба эътирозҳо пайваст шудаанд.

Дар ин миён ҳаракати “Ҷомаи зард”, ки чанд сол қабл бо эътирозҳо бар зидди сиёсати иҷтисодии ҳукумат маъруф шуд, бори дигар дар фазои сиёсии кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Бо вуҷуди ин, ширкаткунандагони эътирозҳо гурӯҳи ягона нестанд ва талаботи онҳо метавонанд аз ҳам фарқ кунанд. Баъзеҳо аз мушкилоти маишӣ норозӣ мебошанд ва гурӯҳи дигар сиёсати ҳукуматро интиқод менамоянд ва бархеи дигар тағйироти амиқтари иҷтимоиро талаб менамоянд.

Бар асоси ин, ҳатто агар ҳукумат вазъияти амниятро зери назар гирад, омилҳои аслии норозигӣ метавонанд боқӣ бимонанд.

Озодии эътироз ва ҳадди истифодаи неру

Ҳодисаҳои охир масъалаи муносибати мақомоти Фаронса бо тазоҳургаронро ба миён овард. Мақомоти кишвар ҳуқуқи шаҳрвандон ба эътирози осоиштаро эътироф мекунанд, вале ҳамзамон таъкид доранд, ки ҳамла ба кормандони полис, оташ задани биноҳо ва ғорати мағозаҳо қобили қабул нест.

Дар ҷараёни эътирозҳо истифодаи гази ашковар ва дигар воситаҳои назорати издиҳом низ густариш дода шудааст. Чунин ҳолат баҳсро дар хусуси ҳадди истифодаи неру аз сӯйи мақомоти амниятӣ ва зарурати ҳифзи ҳуқуқи тазоҳургарон дубора зинда мекунанд.

Дар ин ҷо ду масъала бояд аз ҳамдигар ҷудо карда шавад: ҳуқуқи шаҳрвандон ба эътирози осоишта ва масъулияти мақомоти давлатӣ барои пешгирӣ аз хушунат. Ҳамла ба одамон ё моликиятро наметавон фақат бо истинод ба озодии эътироз сафед кард. Ҳамзамон мавҷудияти хушунат набояд сабаби маҳдуд кардани беасоси ҳуқуқи ҳамаи ширкаткунандагони тазоҳурот бошад.

Кишвари Фаронса дар гузашта низ бо баҳсҳои гуногун шоҳиди чунин тазоҳуротҳо шуда буд. Эътирозҳои “Ҷомаҳои зард” ва тазоҳурот бар зидди ислоҳоти низоми нафақа дар соли 2023 интиқоди бархе аз ҷомеа ва созмонҳои ҳуқуқиро ба муносибати полис ба тазоҳургарон ҷалб карда буд.

Париж аксар вақт дар масъалаҳои байналмилалӣ аз озодии баён ва ҳуқуқи инсон ҳимоят мекунад.

Меъёри асосӣ дар чунин вазъият на фақат изҳороти сиёсӣ, балки риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, мутаносиб будани истифодаи неру ва имконияти таҳқиқи мустақилонаи қонуншиканиҳо аст.

Чаро вазъияти Фаронса ба Аврупо муҳим аст?

Мушкилоти иқтисодии Фаронса фақат масъалаи дохилии ин кишвар мебошад. Фаронса яке аз иқтисодҳои асосии минтақаи евро аст ва вазъияти молиявии он метавонад ба бозорҳои қарзӣ ва эътимоди сармоягузорон таъсир расонад.

Вақте сармоягузорон аз қобилияти кишвар барои идора намудани қарз нигарон мешаванд, онҳо метавонанд барои харидани вомбаргҳои давлатӣ фоизи бештар талаб намоянд. Ин ҳолат хароҷоти қарзгирии ҳукуматро боло мебарад ва имкониятҳои онро барои маблағгузории барномаҳои дигар маҳдуд мекунад.

Бо вуҷуди ин, қарзи баланд худ ба худ маънои онро надорад, ки Фаронса ба буҳрони ногузири молиявӣ наздик шудааст. Барои арзёбии чунин вазъият бояд суръати рушди иқтисодӣ, даромади кишвар ва хароҷоти қарз ва шароити бозорҳои молиявӣ низ ба назар гирифта мешавад.

Мушкилоти сиёсӣ метавонад ин вазъиятро мураккабтар намояд. Агар ихтилофҳо дар дохили ҳукумат ва парлумон қабули қарорҳои заруриро душвор созад, коҳиш додани касри буҷет метавонад вақти бештар талаб намояд.

Оё Фаронса ба “марди бемори Аврупо” табдил меёбад?

Ибораи “марди бемори Аврупо” маъмулан барои кишваре истифода мешавад, ки бо рушди сусти иқтисодӣ, мушкилоти сохторӣ ва нотавонӣ дар татбиқӣ ислоҳот рӯбарӯ мебошад.

Дар мавриди Фаронса афзоиши қарзи давлатӣ ва эътирозҳои иҷтимоӣ аломатҳои фишори бештари ҳукумат аст. Вале барои хулоса намудан, ки кишвар ба чунин ҳолат расидааст, далелҳои бештар дар хусуси рушди иқтисодӣ, бозори меҳнат ва самаранокии сиёсати давлатӣ зарур мебошад.

Ояндаи кишвар аз он иборат хоҳад буд, ки ҳукумат то чӣ андоза метавонад хароҷоти кишварро идора намояд ва рушди иқтисодиро ҳавасманд созад ва ба талаботи шаҳрвандон посух диҳад.

Агар чораҳои молиявӣ ба шакли одилона амалӣ шавад ва мардум натиҷаи онҳоро дар беҳтар кардани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ эҳсос намояд, имконияти коҳиши норозигӣ вуҷуд дорад. Вале агар бори ислоҳот асосан ба дӯши оилаҳои камдаромад афтад, мушкилоти маориф ва маишат ҳал нашаванд, эҳтимол идомаи танишҳо боқӣ мемонад.

Суоли асосӣ ин аст, оё ҳукумати Фаронса метавонад қарзи афзояндаро зери назорат гирад ва ҳамзамон эътимоди мардумро барқарор кунад? Посух ба суол на фақат ба ояндаи сиёсати дохилии Фаронса, балки ба мавқеи иқтисодии он дар Аврупо низ таъсир мерасонад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.
19.10.2026 14:32

Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”

Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
19.10.2026 14:09

Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад

Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 13:53

Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.
19.10.2026 12:49

Ли Сян: “Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ мекунад”

Имрӯз, 19-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
19.10.2026 10:36

Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар бораи сабабҳои нооромиҳои ин кишвар гуфт, ки барои гунаҳкор донистани дигарон дер шудааст. Ӯ аз Макрон хост, ки ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳад.
19.10.2026 10:28

Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо интиқод аз идомаи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русия, иддао кардааст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, майли поён додани ҷангро надорад.
19.10.2026 09:13

Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон

Як ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Исроил ба самти Венаи Австрия парвоз мекард, пас аз дарёфти ҳушдори амниятӣ дар бораи бомбгузорӣ, дар Булғористон (Балгария) фуруди изтирорӣ анҷом дод.
19.10.2026 08:00

Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард

Ҷумҳурии Қирғизистон дар ноҳияи Бодканд ва Лайлак беш аз 327 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард. Дар назди минтақаҳои наздисарҳадӣ барои ҳаракат 338,5 километр роҳи саҳроӣ бунёд шуд.