Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Ҷумҳурии Исломии Эрон мақсад дорад интиқоли маҳсулоти нафтӣ ва газ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро идома диҳад.
Саид Таваккулӣ, муовини Вазири нафти Эрон рӯзи 16-уми октябр дар нишасти Ҳафтаи энергетикаи Русия изҳори назар намуд.
Ин мақоми эронӣ гуфт, ҷойгиршавии географияи Эрон имкон медиҳад, ки ин кишвар ҳамчун миёнарав ва минтақаи транзитӣ барои интиқоли захираҳои энергетикӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хидмат кунад.
Саид Таваккулӣ гуфт, чунин ҳамкориҳо метавонанд барои ҳама ҷонибҳо судманд бошанд. Ба ин тартиб, кишварҳои минтақа имкон пайдо мекунанд, ки на фақат маҳсулоти нафтӣ, балки газро низ харидуфурӯш ва ба воситаи қаламрави Эрон интиқол диҳанд.
Ин изҳороти мақомоти эронӣ дар ҳолест, ки масъалаи таъмини устувори маҳсулоти нафтӣ барои Тоҷикистон аҳамияти иқтисодӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, густариши воридоти сӯзишворӣ метавонад ба диверсификатсияи сарчашмаҳои таъминот мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эрон мегӯяд интиқоли нафт ба Тоҷикистонро идома медиҳад
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”