Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
Сарвари давлат бо президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, ҷалби сармояи хусусӣ ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ва истифодаи механизмҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон навиштааст, ки ҳамчунин, ҷонибҳо масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои иштироки бахши хусусӣ дар рушди соҳаҳои энергетика ва захираҳои об, таҳияи лоиҳаҳои аз ҷиҳати иқтисодию молиявӣ ҷолиб барои бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ ва истифодаи хизматрасониҳои машваратии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар самти омодасозӣ лоиҳаҳои инфрасохториро матраҳ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Хусрав Нозирӣ бо вазири маорифи Қувайт мулоқот намуд
Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид