19 Октябр 2026,
душанбе, 15:30, Душанбе
19.10.2026 09:13

Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон

Як ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Исроил ба самти Венаи Австрия парвоз мекард, пас аз дарёфти ҳушдори амниятӣ дар бораи бомбгузорӣ, дар Булғористон (Балгария) фуруди изтирорӣ анҷом дод.

Шабакаи “Ал-Ҷазира” субҳи рӯзи душанбе, 19-уми октябр, гузориш дод, ки ин ҳавопаймои “Эйрбас” ба ширкати ҳавопаймоии Австрия тааллуқ дошта, аз Исроил ба самти Австрия парвоз мекард.

Бар асоси гузориш, Вазорати нақлиёт ва ҳавонавардии Булғористон гуфтааст, ки вақте ҳавопаймо дар наздикии марзи Руминия қарор дошт, ҳайати экипаж таҳдиди бомбгузориро дарёфт кард ва тасмим гирифт, ки дар София, пойтахти Булғористон, фуруд ояд.

Ин вазорат афзудааст, ки гурӯҳи вокуниш ба буҳрон ташкил шуда, масъулони дахлдор таҳқиқи ин қазияро оғоз кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш як ҳавопаймои ширкати аморотии “Флай Дубай”, ки аз Амороти Муттаҳидаи Араб ба самти Исроил парвоз мекард, ба далели муноқиша дар дохили ҳавопаймо маҷбур шуд дар Арабистони Саудӣ фуруди изтирорӣ анҷом диҳад.

Бо вуҷуди ин, то кунун маълум нест, ки таҳдиди амниятӣ нисбат ба ин ҳавопаймо то чӣ андоза ҷиддӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.
19.10.2026 14:32

Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”

Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
19.10.2026 14:09

Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад

Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 13:53

Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.
19.10.2026 12:49

Ли Сян: “Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ мекунад”

Имрӯз, 19-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
19.10.2026 10:36

Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар бораи сабабҳои нооромиҳои ин кишвар гуфт, ки барои гунаҳкор донистани дигарон дер шудааст. Ӯ аз Макрон хост, ки ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳад.
19.10.2026 10:28

Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо интиқод аз идомаи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русия, иддао кардааст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, майли поён додани ҷангро надорад.
19.10.2026 09:13

Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон

Як ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Исроил ба самти Венаи Австрия парвоз мекард, пас аз дарёфти ҳушдори амниятӣ дар бораи бомбгузорӣ, дар Булғористон (Балгария) фуруди изтирорӣ анҷом дод.
19.10.2026 08:00

Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард

Ҷумҳурии Қирғизистон дар ноҳияи Бодканд ва Лайлак беш аз 327 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард. Дар назди минтақаҳои наздисарҳадӣ барои ҳаракат 338,5 километр роҳи саҳроӣ бунёд шуд.