15 Октябр 2026,
панҷшанбе, 18:46, Душанбе
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.

Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, аксҳои моҳвораии ширкатҳои “Planet Labs ва Airbus” нишон медиҳанд, ки маҳалли мазкур рӯзи 31-уми август замини холӣ буд, аммо то рӯзи чоршанбе ба маҷмааи бузурги низомӣ табдил ёфтааст.

Бунёди ин пойгоҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки Украина интизор дорад Русия зимистони имсол ҳамлаҳои паҳподӣ ва мушакии худро афзоиш диҳад.

Пойгоҳ барои партоби паҳподҳои нав

Ба гузориши “Reuters”, Русия дар моҳҳои охир истифодаи паҳподҳои ҳамлавари дорои муҳаррики реактивиро алайҳи Украина зиёд кардааст. Ин навъи паҳподҳо бо суръати баланд ҳаракат мекунанд ва боздоштани онҳо барои неруҳои Украина душвортар аст. Суръати онҳо метавонад ба 600 километр дар як соат расад.

Майк Маник, муассис ва мудири ширкати хусусии таҳлили иттилооти низомии “DroneSec”, гуфтааст, ки пойгоҳи нав метавонад барои партоби паҳподҳои “Геран-4” ва “Геран-5” истифода шавад. Ба гуфтаи ӯ, ин ду навъ аз паҳподҳои нави реактивии Русия мебошанд.

Маник ҳамчунин, гуфтааст, ки дар қисми ғарбии ин пойгоҳ ҳашт мавқеи партоб бо релсҳои махсус дида мешавад, ки барои партоби ин паҳподҳо пешбинӣ шудаанд.

Афзоиши имконоти ҳамла ба Украина

Ба гуфтаи ин коршинос, пойгоҳи нав ба шабакаи мавҷудаи Русия, ки ҳадди ақал 11 маҳалли доимии партоби паҳподҳо барои ҳамла ба Украинаро дар бар мегирад, илова мешавад.

Вай ҳамчунин, арзёбӣ кардааст, ки сохтмони пойгоҳ қариб ба анҷом расидааст ва эҳтимолан барои оғози фаъолияти пурраи он ҳамагӣ чанд ҳафта ё ҳатто камтар вақт лозим аст.

Гузориши “Reuters” бар асоси таҳлили аксҳои моҳвораӣ ва изҳороти коршиносони низомӣ таҳия шудааст. Дар матни гузориш дар бораи оғози дақиқи фаъолияти пойгоҳ ё шумораи паҳподҳое, ки он метавонад дар як рӯз партоб кунад, маълумоти мушаххас оварда нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

15.10.2026 16:41

Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид

Имрӯз, 15-уми октябр вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо роҳбари самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар Осиёи Ҷанубӣ, хизматрасониҳои машваратӣ оид ба муомилотии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC), узви Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ Моаззам Мекан мулоқот кард.
15.10.2026 16:40

Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард

Русия дар вилояти Ростови ин кишвар пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳои ҳамлаварро дар муддати тақрибан шаш ҳафта сохтааст. Бино ба гузориши хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба аксҳои моҳвораӣ, масоҳати ин иншоот ба тақрибан 126 майдони футбол баробар аст.
15.10.2026 13:28

Ҳамлаи паҳподҳои Украина ба корхонаи коркарди нафти Русия: сӯхтор дар Рязан

Дар пайи ҳамлаи густурдаи дронҳои Украина ба вилояти Рязани Русия, дар як корхонаи коркарди нафт сӯхтор сар задааст. Ин ҳодиса дар ҳоле рух медиҳад, ки масъалаи қатъи ҳамлаҳо ба зерсохторҳои энергетикии ду кишвар матраҳ аст.
15.10.2026 10:50

Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳошияи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самтҳои тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ба имзо расид.
15.10.2026 08:48

Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид

Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 17 мухлиси футбол, ки ҳангоми баргузории бозии дастаҳои «Сарой Камар» ва «Панҷшер» ба муноқиша ва вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ роҳ доданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
14.10.2026 18:23

Вазорати хориҷии Тоҷикистон ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз ҳамла ба фурудгоҳҳо ва зерсохторҳои энергетикии Арабистони Саудӣ, ки боиси кушта ва захми шудани шаҳрвандони ин кишвар шудаанд, изҳори нигаронӣ кардааст.