Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст
Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои чинӣ, кишвари Чин мехоҳад дар доираи ташаббуси “Як камарбанд — як роҳ” ҳамкории иқтисодиро коҳиш диҳад. Ин мавзуъ дар меҳвари музокироти сарвазирони ду кишвар, ки рӯзи 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе доир шуд, қарор дошт.
Бар асоси иттилои хабаргузории “Синхуа” Ли Сян гуфтааст, ки кишвараш омода аст стратегияҳои рушди худро бо Тоҷикистон ҳамоҳангтар карда, ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетикаи тоза, маъданҳои муҳим ва роҳҳои нақлиётиро тақвият диҳад.
Сарвазири Чин таъкид кардааст, ки Пекин мехоҳад аз Тоҷикистон молҳои босифати бештар ворид кунад ва ширкатҳои чиниро барои сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳо дар ин кишвар ташвиқ намояд. Ӯ ҳамзамон аз Тоҷикистон хостааст, ки барои фаъолияти соҳибкорони чинӣ шароити мусоид фароҳам оварад.
Дар музокирот ҳамчунин, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳуши маснуъӣ, иқтисоди рақамӣ, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шудааст. Ли Сян гуфтааст, ки ду кишвар бояд ҳамкории худро дар бахшҳои амният ва ҳифзи ҳуқуқ низ тақвият диҳанд.
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар навбати худ Чинро яке аз муҳимтарин шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номида, барои дастгирии Пекин аз рушди иқтисодии кишвар изҳори сипос кардааст.
Ба гуфтаи сарвазири Тоҷикистон, Душанбе мехоҳад ҳамкориро бо Пекин дар бахшҳои кишоварзӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, нақлиёт ва логистика густариш диҳад. Ӯ ҳамчунин, ба рушди иқтисоди сабз, технологияҳои рақамӣ ва ҳуши маснуъӣ таъкид кардааст.
Пас аз анҷоми музокирот ҷонибҳо шоҳиди имзои чанд санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди зерсохтор, маориф, мубориза бо коррупсия ва стандартизатсия шудаанд. Ҷузъиёти пурраи ин санадҳо ва ҳаҷми сармоягузориҳои пешбинишуда дар гузориши “Синхуа” нашр нашудааст.
Чин яке аз шарикони муҳимми иқтисодии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди ҳамкории ду кишвар метавонад барои ҷалби сармоя, бунёди зерсохтор ва густариши содироти маҳсулоти тоҷикӣ имкониятҳои нав фароҳам оварад. Бо вуҷуди ин, натиҷаи чунин ҳамкорӣ аз татбиқи созишномаҳо ва ҳаҷми воқеии сармоягузориҳо вобаста хоҳад буд.
Соли 2027 Тоҷикистон ва Чин 35-солагии барқарории муносибатҳои дипломатии худро таҷлил мекунанд. Ли Сян гуфтааст, ки Пекин мехоҳад дар ин марҳила эътимоди дуҷониба ва ҳамкории стратегиро боз ҳам тақвият диҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст