Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст
Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров дар изҳороти тозаи худ ҳушдор дод, ки Афғонистон метавонад ба пойгоҳе барои густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ бар зидди кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия табдил шавад. Бар асоси изҳороти ӯ, ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ дар минтақаҳои шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбакистон ҳаммарз мебошанд, яке аз нигарониҳои асосии амниятии Маскав боқӣ мемонад.
Сергей Лавров рӯзи 16-уми октябр дар конфронси муштараки Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Маскав дар ин бора изҳорот дод.
Тибқи изҳороти ин вазири рус, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон ҳанӯз мавқеъ ва имконияти фаъолият доранд. Ӯ зикр кард, ки дар ин минтақа пойгоҳҳои омӯзишии гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ фаъол мебошанд.
“Мо ба ин нукта таваҷҷуҳ дорем, ки бар асоси иттилооти мавҷуд, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ дар минтақаҳои Афғонистон, ки бо Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ҳаммарз мебошанд, ҳузури назаррас доранд. Дар ин минтақаҳо пойгоҳҳои омӯзишӣ ва пойгоҳҳои асосии онҳо мавҷуд мебошанд. Аъзои ин гурӯҳҳо кӯшиш мекунанд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо либоси паноҳанда ва ҳатто сайёҳ ворид шаванд” – таъкид мекунад Сергей Лавров.
Маскав аз фаъолияти гурӯҳи террористии “Вилояти Хуросон” нигарон аст
Сергей Лавров гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ - Вилояти Хуросонро, ки як шохаи минтақавии созмони террористии “Давлати Исломӣ” мебошад, аз сарчашмаҳои асосии таҳдид номидааст.
Ӯ гуфтааст, ки ин гурӯҳ мехоҳад фаъолиятҳояшро берун аз Афғонистон густариш диҳад. Ин вазири рус мегӯяд, ҷангҷӯёни гурӯҳҳои террористӣ метавонанд қудрати Толибон барои нигоҳ доштани субот дар Афғонистонро заиф кунанд.
“Бар асоси арзёбии мо, ки бар иттилооти иктишофӣ асос ёфтаанд, хатари асосӣ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ - Вилояти Хуросон” сар мезанад. Ин гурӯҳ шохаи минтақавии созмони байналмилалии террористии “Давлати Исломӣ”, ки фаъолияташ дар Русия манъ мебошад. Ин гурӯҳ ошкоро мақсад дорад, ки тавони ҳукумати Кобулро барои таъмини субот дар кишвар заиф созад”- мегӯяд Сергей Лавров.
Сергей Лавров гуфтааст, ки шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, Қафқози Шимолӣ ва гурӯҳҳои уйғур дар миёни созмонҳои мусаллаҳи фаъол дар Афғонистон ҳузур доранд. Бар асоси гуфтаи ӯ ин афрод таҷрибаи ҷангӣ дар Ховари Миёна ва Африқоро доранд.
Вазири корҳои хориҷии Русия дар ин нишаст дар баробари фаъолияти гурӯҳҳои мусаллаҳ ва террористӣ аз паҳн шудани ақидаҳои ифротӣ, фаъолияти мадрасаҳои пинҳонӣ ва истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои рекламаи тундгароӣ низ изҳори нигаронӣ намудааст. Ӯ аз талошҳои қочоқ намудани силоҳ ва маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва сипас, ба Русия ҳушдор додааст.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон тақвият дода мешавад
Дар суханронии Сергей Лавров масъалаи таҳкими марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҷойгоҳи вижа дорад. Ӯ гуфт, Русия дар доираи СААД дар иҷро кардани барномаи байнидавлатии густариши марз ширкат мекунад.
Бар асоси гуфтаи Сергей Лавров Маскав барои саривақт таъмин намудани шарикони тоҷики худ бо аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои техникии ҳифзи сарҳад тадбирҳо меандешанд.
Ин мавқеъ нишон медиҳад, ки дар баробари ҳамкориҳои дипломатӣ ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ ҳамкории низомӣ ва техникии Русия бо Тоҷикистон низ яке аз унсурҳои муҳимми муносибатҳои ду кишвар боқӣ мондааст.
Масъала фақат бо густариш додани муносибатҳои Душанбеву Маскав хулоса намешавад. Сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон, ки як минтақаи васеи амниятии мантақавӣ аст, яке аз масоили муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад. Ҳодисаҳои марзӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳаракати гурӯҳҳои мусаллаҳ метавонанд ҳамкории мақомоти сарҳадбонӣ ва мубодилаи иттилоот дар миёни кишварҳои ҳамсояро тақвият диҳанд.
Сергей Лавров аз талошҳои мақомоти феълии Русия дар мубориза бо гурӯҳи террористии Вилояти Хуросон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ низ истиқбол кард. Ӯ аз коҳиш ёфтани афюн дар Афғонистон ишора кард ва бо такя ба иттилооти ниҳоди марбутаи Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ин нишондиҳанда нисбат ба сатҳи соли 2022 тақрибан 90 фоиз кам шудааст.
Русия мехоҳад бо ҳукумати Толибон ҳамкорӣ кунад
Яке аз паҳлуҳои муҳимми изҳороти Сергей Лавров ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокими Афғонистон аст. Ӯ зикр намудааст, ки Маскав ҳукумати Толибонро дар соли 2025 ба расмият шинохт, ҳоло ин ҳаракатро воқеияти сиёсии Афғонистон медонад ва ба ин назар мебошад, ки бе ҳамкорӣ бо мақомоти Кобул ҳалли як қатор масъалаҳои амниятӣ душвор хоҳад буд.
Вазири корҳои хориҷии Русия гуфтааст, ҷонибдори Афғонистони мустақил, муттаҳид ва осоишта аст, ки дар он низоъҳои мусаллаҳона ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир вуҷуд надошта бошад.
Ӯ, ҳамчунин, аз натиҷаҳои машварати Маскав оид ба Афғонистон, ки аввали моҳи октябр доир шуд, ёдовар гардида, гуфт, ки ширкаткунандагони он ба зарурати даст кашидан аз муносибатҳои ҷонибдорона бо Кобул ва ҷалби Афғонистон ба равандҳои иқтисодии минтақавӣ таъкид кардаанд. Сергей Лавров гуфтааст, иттилооте, ки аз Кобул меояд, аз омодагии роҳбарияти Толибон барои чунин ҳамкорӣ шаҳодат медиҳад.
Назари Лавров дар бораи амнияти Осиёи Марказӣ ва Авруосиё
Сергей Лавров фақат дар бораи Афғонистон суханронӣ накард. Ӯ масъалаи амнияти Осиёи Марказӣ дар заминаи рақобатҳои геополитикӣ ва нақши созмонҳои минтақавиро баррасӣ карда, зарур будани ҳамоҳангии фаъолияти СААД, ИДМ, СҲШ ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро таъкид намуд.
Ӯ таъкид кард, ки созмонҳои номбурда бояд имкониятҳои худ барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллиро бештар ҳамоҳанг созанд. Маскав ҳамчунин, ҷонибдори ташаккули як низоми густурдаи амниятӣ дар Авруосиё мебошад.
Сергей Лавров дар ин нишаст аз пешниҳоди Русия ва Беларусия дар хусуси таҳияи “Оинномаи Авруосиё оид ба гуногунрангӣ ва бисёрқутбӣ дар асри XXI” ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ин санад бояд заминаи баррасии принсипҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории кишварҳоро дар соҳаи амният фароҳам намояд.
Вазири корҳои хориҷии Русия ба ҳузури тӯлонии НАТО ва Амрико дар Афғонистон ишора кард ва афзуд, ки паёмадҳои он ҳанӯз ҳам то муддати тӯлонӣ ба амнияти минтақа таъсир хоҳанд кард. Ӯ аз кишварҳои аврупоӣ низ интиқод намуд ва таъкид кард, ки бо талош барои эҷоди нуқтаҳои таниш дар наздикии марзҳои Русия ва шарикони он муттаҳам ҳастанд.
Ин арзёбиҳо бахше аз мавқеи сиёсии Маскаванд ва наметавон онҳоро бидуни баррасии дидгоҳҳои дигар ҷонибҳо ҳамчун тавсифи бебаҳси вазъияти геополитикӣ қабул намуд.
Амнияти пойдори минтақа бо пойдории чораҳои низомӣ маҳдуд намешавад
Сергей Лавров афзуд, амнияти пойдори минтақа фақат бо чораҳои низомӣ таъмин намешавад. Бар асоси гуфтаи ӯ, робитаҳои иқтисодӣ, тарҳҳои муштараки инфрасохторӣ ва рушди роҳҳои нақлиётӣ низ метавонанд ба устувории ҳамкории байнидавлатӣ мусоидат намоянд.
Вазири корҳои хориҷии Русия аз долони байналмилалии “Шимол-Ҷануб” ва ҳамкории кишварҳои соҳили баҳри Хазар ёдовар шуд ва даъват кард, ки Конвенсия дар хусуси мақоми ҳуқуқии баҳри Хазар ҳар чӣ зуд мавриди амал қарор гирад.
Дар масъалаи ҳалли ихтилофҳои минтақавӣ, вазири корҳои хориҷии Русия аз усули “мушкилоти минтақавӣ - роҳҳои ҳалли минтақавӣ” ҳимоят намуд. Ӯ созишҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистонро дар масъалаҳои марзӣ, ки соли 2025 ба даст омадаанд, намунаи мусбати ҳамкории миёнидавлатӣ номид.
Хатари Афғонистон ба ояндаи амнияти Тоҷикистон
Баррасии мавзуи Афғонистон дар конфронси Маскав нишон дод, ки масъалаҳои амниятии ин кишвар ҳанӯз ҳам дар маркази таваҷҷуҳи Русия ва созмонҳои минтақавӣ қарор дорад. Барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи мустақим дорад, ин масъала аҳамияти амалӣ дорад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки роҳи ҳалли мушкилот фақат бо таҳкими марз ё ҳамкории ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Суботи дарозмуддат дар Афғонистон ба вазъияти дохилии кишвар, имкониятҳои иқтисодӣ, фаъолияти мақомоти ҳоким ва муносибатҳои он бо ҳамсоягон низ вобаста аст.
Изҳороти Сергей Лавров аз он дарак медиҳад, ки Маскав мехоҳад ҳамзамон ду самтро пеш барад. Аз як тараф тақвияти чораҳои амниятӣ дар марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ ва аз ҷониби дигар нигоҳ доштани робита бо ҳукумати Толибон.
То чӣ андоза ин сиёсат метавонад хатарҳои фаромарзиро коҳиш диҳад, аз натиҷаҳои амалии ҳамкорӣ ва вазъияти воқеии гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон вобаста хоҳад буд. Барои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа масъалаи асосӣ на фақат арзёбии таҳдидҳо, балки ба даст овардани иттилооти боэътимод, густариши ҳамоҳангӣ ва пешгирии он мебошад, ки ноустувории Афғонистон ба мушкили васеътари минтақавӣ табдил наёбад.
Баррасии мавзуи Афғонистон дар конфронси Маскав нишон дод, ки масъалаҳои амниятии ин кишвар ҳанӯз ҳам дар маркази таваҷҷуҳи Русия ва созмонҳои минтақавӣ қарор дорад. Барои Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи мустақим дорад, ин масъала аҳамияти амалӣ дорад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки роҳи ҳалли мушкилот фақат бо таҳкими марз ё ҳамкории ҳарбӣ маҳдуд намешавад. Суботи дарозмуддат дар Афғонистон ба вазъияти дохилии кишвар, имкониятҳои иқтисодӣ, фаъолияти мақомоти ҳоким ва муносибатҳои он бо ҳамсоягон низ вобаста аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст