Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Трамп ифшокунандагони камбуди мушакҳоро ба муҷозоти зиндон таҳдид кард
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, пас аз интишори гузоришҳо дар бораи коҳиши захираҳои мушакии ин кишвар, сахт хашмгин шуда, афродеро, ки чунин маълумотро фош кардаанд, ба муҷозоти зиндон таҳдид кардааст.
Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки ахиран расонаҳои амрикоӣ аз коҳиши захираҳои муҳимоти низомии Амрико гузориш додаанд.
Пеш аз ин, рӯзномаи “Вашингтон пост” (The Washington Post) ба нақл аз манобеи огоҳ навишта буд, ки Трамп дар ҳошияи нишасти кобина дар қароргоҳи Кэмп Дэвид аз Пит Ҳегсет, вазири дифои Амрико, дар бораи камбуди захираҳои мушакӣ тавзеҳ хостааст. Бо вуҷуди ин, Каролин Левитт, сухангӯи Кохи Сафед, чанде баъд дурустии ин гузоришро рад кардааст.
Трамп дар шабакаи иҷтимоии “Трус сошл” (Truth Social) навиштааст, ки Амрико захираҳои азими муҳимот, ба вижа баъзе навъҳои мушаххаси онро, дар ихтиёр дорад ва ин муҳимот ба миқдори зарурӣ тавлид ва ба ин кишвар таҳвил дода мешаванд.
Раиси ҷумҳури Амрико ҳамчунин, таъкид кардааст, афроде, ки “чунин маълумот”-ро нашр мекунанд, бо ҳукмҳои тӯлонии зиндон рӯбарӯ хоҳанд шуд.
Пентагон пештар аз Конгресс дархости 67 миллиард доллар буҷаи изофӣ карда буд, то хароҷоти ҷанг бо Эрон ва бозсозии захираҳои таслиҳотии худро пӯшиш диҳад.
Ба гузориши шабакаи “Си-эн-эн” (CNN) ва Маркази мутолиоти стратегӣ ва байналмилалии “CSIS”, сатҳи бархе аз захираҳои таслиҳотии Амрико ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта ва ба марҳилаи буҳронӣ расидааст.
Пештар маркази “CSIS” тахмин зада буд, ки Амрико дар ҷараёни ҷанг алайҳи Эрон, аз 27-уми феврал то 27-уми июл, аз 1500 то 1600 мушаки “Патриот” ва ҳудуди 200 мушаки раҳгири “THAAD” истифода кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт