Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Мақоми Тел-Авив шаҳрдори Ню-Йоркро ба “мусобиқаи бокс” даъват кард
Муовини шаҳрдори Тел-Авив дар идомаи танишҳои лафзӣ бо Зуҳрон Мамдонӣ, шаҳрдори Ню-Йорк, ӯро ба баргузории як мусобиқаи бокс дар шаҳри Тел-Авив даъват кардааст.
Ба гузориши расонаҳо, Гай Авнер дар наворе, ки дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ нашр кардааст, Мамдониро ба “нафратпароканӣ алайҳи Исроил” муттаҳам намуда, гуфтааст, ки дар баробари мавзеъгириҳои ӯ “қотеъона хоҳад истод”.
Ӯ дар ин навор гуфтааст: “Ман Амрикоро дӯст медорам ва шаҳри Ню-Йоркро ҳам дӯст медорам, аммо ту хабари бад ҳастӣ”. Сипас, аз шаҳрдори Ню-Йорк хостааст, ки дар як мусобиқаи хайриявии бокс дар Тел-Авив бо ӯ рӯбарӯ шавад.
Муовини шаҳрдори Тел-Авив, ки пештар дар артиши Исроил низ хидмат кардааст, ҳамчунин, аз Мамдонӣ хостааст аз изҳороте, ки ба гуфтаи ӯ алайҳи яҳудиён ва Исроил аст, даст бардорад. Ӯ гуфтааст: “Ман ба суроғат меоям. Ҷое барои фирор нест. Ҷое барои пинҳон шудан нест. Вақташ расидааст. Ману ту, рӯбарӯ”.
Авнер аз ҷонибдорони Исроил низ даъват кардааст, ки ин наворро бознашр кунанд, то Мамдонӣ ин “даъват»-ро бипазирад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Мамдонӣ пештар аз иҷрои ҳукми боздошти Бинёмин Нетанёҳу дар сурати сафар ба кишварҳои муваззаф ба иҷрои қарорҳои Додгоҳи байналмилалии ҷиноятӣ ҷонибдорӣ карда буд. Муовини шаҳрдори Тел-Авив бо ишора ба ҳамин мавзеъ гуфтааст, ки мусобиқа метавонад дар Тел-Авив баргузор шавад ва “ҷои нигаронӣ аз боздошт вуҷуд надорад”.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт