Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
29.07.2026 14:23
Тазоҳургарон дар Вашингтон хостори боздошти Нетаняҳу шуданд
Садҳо тазоҳургар дар Вашингтон бо роҳпаймоӣ дар назди Кохи Сафед хостори иҷрои ҳукми боздошти Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, шуданд.
“Ал-Ҷазира” рӯзи чоршанбе, 28-уми июл, гузориш додааст, ки эътирозгарон бо вуҷуди боронгарии шадид ва тадбирҳои густурдаи амниятӣ ба сӯйи Кохи Сафед ҳаракат карданд.
Ҳамчунин, шуморе аз эътирозгарон вориди меҳмонхонаи “Фор Сизонз” дар минтақаи Ҷорҷтаун шуданд: ҷое ки Нетаняҳу дар он ҷо барои хӯрокхӯрӣ ҳузур дошт.
Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ дар соли 2024 ҳукми боздошти Нетаняҳу ва Йоав Галант, вазири пешини дифои Исроилро ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноят алайҳи башарият дар ҷараёни ҷанги Ғазза содир кард.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
12.11.2026 10:45
Фавзия Кӯфӣ: “Ин бор Толибонро занони Афғонистон шикаст медиҳанд”
Фавзия Кӯфӣ, намояндаи пешини Маҷлиси намояндагони Афғонистон аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кардааст, ки барои ҳимоят аз ҳуқуқи занони афғонистонӣ ба иқдомҳои амалӣ рӯ оварда, фақат бо изҳороту изҳори ҳамдардӣ иктифо накунанд.
12.11.2026 10:33
Эрон: ҷанг агар оғоз шавад, ба пойгоҳҳои Амрико дар Осиёи Ғарбӣ ва Аврупо ҳамла хоҳем кард
Муҳсин Ризоӣ, Дабири кулли Шурои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёми ҳушдоромез гуфт, агар Амрико ҳамла кунад, Эрон ба пойгоҳҳои ин кишвар дар Ғарби Осиё ва Аврупо ҳамла хоҳад кард.
12.11.2026 10:27
Қазоқистон 70 фоизи саҳмияҳои ду кони бузурги волфрамро ба ширкатҳои писарони Трамп медиҳад
Қазоқистон 70 дарсади саҳмияҳои лоиҳаи истихроҷи волфрамро дар ду кони бузурги худ ба як ширкати амрикоӣ вогузор кардааст. Арзиши умумии ин тарҳ тақрибан 1,1 миллиард доллар арзёбӣ мешавад. Ширкати мазкур бо фаъолияти тиҷоратии писарони президенти ИМА Доналд Трамп – Доналд Трамп Ҷуниор ва Эрик Трамп иртибот дорад.
12.11.2026 10:20
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани монеаҳои нақлиётӣ ба созиш расиданд
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои зиёд намудани ҳаҷми ҳамлу нақли бор, сода намудани расмиёти гумрукӣ, транзитӣ ва бартараф кардани мушкилоти логистикӣ ба созиш расидаанд.
12.11.2026 10:14
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
Як гурӯҳи хакерӣ бо истифода аз ҳуши маснуӣ системаи электронии санадҳои Тоҷикистонро рахна карда, беш аз 2 ҳазор санадҳои ниҳодҳои амниятии Тоҷикистонро рабудаанд.
12.11.2026 09:33
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвар ва ҳамкории Донишгоҳи тиббии Шаҳид Зулфиқор Алӣ Бутто рӯзи 10-уми ноябр таҳти унвони “Рӯзи илмии Абуалӣ ибни Сино” ҳамоиши илмӣ баргузор гардид. Ҳадафи ин ҳамоиш омӯзиш ва гиромидошти меросими илмии Абуалӣ ибни Сино мебошад.
12.11.2026 08:00
Иштирок ва суханронии Президенти мамлакат дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД
11-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
12.11.2026 07:59
Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова мулоқот намуд
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо роҳбари Намояндагии Хазинаи нуфӯзи СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Габриэл Акимова мулоқот намуд.
11.11.2026 17:46
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Британияи Кабир имконияти сармоягузорӣ дар истихроҷу коркарди маъданҳои стратегӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ин кишвар дар пайи пайдо намудани манбаъҳои нави ашёи хом ва коҳиш додани вобастагиаш аз Чин мебошад.
11.11.2026 17:38
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Роҳбари калисои католикӣ Попи Рум Леои XIV аз ҷавонон даъват кардааст, ки муваффақиятро фақат бо сарват, шуҳрат ё маъруфият дар шабакаҳои иҷтимоӣ насанҷанд.
11.11.2026 15:47
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
11.11.2026 15:17
Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст
Футболбози ҷавони тоҷик Абдулло Иброҳимзода фаъолияти худро дар Арабистони Саудӣ идома медиҳад. Ӯ бо клуби “Ал-Қодисия” шартнома баста, дар марҳилаи аввал дар ҳайати дастаи ҷавонони то 19-сола бозӣ хоҳад кард.