Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Пентагон: Аз оғози ҷанг бо Эрон 18 низомии амрикоӣ кушта ва 624 нафар захмӣ шудаанд
Вазорати дифои Иёлоти Муттаҳида (Пентагон) эълом кардааст, ки аз оғози ҷанг бо Эрон дар 28-уми феврал то кунун 18 низомии амрикоӣ кушта ва 624 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба гузориши расонаҳо, Пентагон дар тозатарин омори худ гуфтааст, ки танҳо дар ду ҳафтаи ахир дар пайи ҳамлаҳои Эрон 4 низомии амрикоӣ кушта ва 140 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти дифоии Амрико ҷузъиёти бештареро дар бораи маҳалли ҳамлаҳо, ҳувияти қурбониён ва вазъи захмиён ироа накардаанд.
Ба навиштаи расонаи эронии “Тасним”, Вашингтон ҳамвора талош мекунад бо сиёсати сензура ва маҳдудияти иттилоърасонӣ, талафоти воқеии ҷонии неруҳои худро дар даргириҳои минтақа пинҳон нигоҳ дорад.
Аз сӯйи дигар, Ҳусайн Муҳибӣ, сухангӯи Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон, пештар дар гуфтугӯ бо “Тасним” таъкид карда буд, ки пас аз нақзи тафоҳумнома аз ҷониби Амрико, шумори кушташудагони низомии амрикоӣ аз 200 нафар бештар аст.
Ин иддао то кунун аз ҷониби мақомоти амрикоӣ таъйид нашудааст ва Пентагон низ дар омори расмии худ аз кушта шудани 18 низомӣ аз оғози ҷанг хабар додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт