Зиёда аз 54 километр. Сохтмони роҳи автомобилгарди «Балҷувон – Сари Хосор» оғоз мегардад
Созишномаи грантӣ оид ба бунёди зеристгоҳи барқӣ дар Душанбе ба имзо расид
Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
22.07.2026 19:24
Коҳиши убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз дар пайи афзоиши нигарониҳои амниятӣ
Шумори киштиҳое, ки аз тангаи Ҳурмуз убур кардаанд, дар пайи идомаи нигарониҳои амниятӣ ва ҳамзамон бо идомаи ҳамлаҳои Амрико ва Эрон коҳиш ёфтааст.
Ширкати “Кеплер” рӯзи чоршанбе, 22-уми июл эълом кард, ки дар маҷмуъ се киштии ҳамлу нақли мол рӯзи сешанбе аз ин танга убур кардаанд, дар ҳоле ки ин рақам дар рӯзи пеш аз он чаҳор киштӣ буд.
Кеплер афзудааст, ки рӯзи сешанбе ҳеч нафткаши бисёр бузург (VLCC) ё нафткаши ҳамлу нақли гази табиӣ (LNG) ба таври қобили мушоҳида аз ин танга убур накардааст.
Артиши Амрико рӯзи сешанбе эълом кард, ки тозатарин ҳамлаҳои худро алайҳи Эрон анҷом додааст: ҳамлаҳое, ки ёздаҳумин шаби пайдарпайи ҳамлаҳои Амрико ба шумор мераванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
04.11.2026 18:52
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико, пас аз пирӯзии демократҳо гуфтааст, ки мардуми ин кишвар хостори сиёсате ҳастанд, ки ба ҷойи тафриқаангезӣ, заминаи ҳамбастагиро фароҳам созад.
04.11.2026 18:31
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Рӯзномаи бритониёии “Гардиан” (The Guardian) менависад, ки шикасти сангини ҷумҳурихоҳон дар интихоботи миёндавраии ИМА нишонаи заиф шудани нуфузи Доналд Трамп ва поёни давраи ҳукмронии сиёсии ӯст. Ба навиштаи ин рӯзнома, интихобкунандагони амрикоӣ бо раъйи худ норозигии ошкорашонро аз давраи дуюми раёсати ҷумҳурии Трамп баён карда, барои маҳдуд кардани қудрати ӯ замина фароҳам оварданд.
04.11.2026 16:11
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Илон Маск, миллиардери амрикоӣ ва соҳиби шабакаи иҷтимоии “Икс” (X), ки бо харҷи садҳо миллион доллар аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи миёндавраии ИМА ҳимоят карда буд, пас аз нокомии интихоботии ин ҳизб бо нашри паёми кинояомез дар шабакаи иҷтимоии “X” вокуниш нишон дод.
04.11.2026 15:33
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард
Рухшона Насриддинзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Бонки рушди Олмон (KfW) мулоқот намуда, вазъи ҳамкориҳои дуҷониба ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои нави иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ намуд.
04.11.2026 15:23
Таъиноти кадрӣ: раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд
4-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.
04.11.2026 15:22
Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Узбекистон: гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият ва шиносоӣ бо лоиҳаи «Тошканди нав»
Имрӯз, 4-уми ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон рафт.
04.11.2026 10:53
Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Ҳизби демократии ИМА дар натиҷаи охирини интихоботи миёндавраӣ бо ба даст овардани 51 курсӣ назорати Сенатро аз ҷумҳурихоҳон гирифт. Ҳамзамон, демократҳо дар Маҷлиси намояндагон низ бартарии худро афзоиш дода, дар интихоботи ҳокимони иёлатҳо пешсаф шуданд. Ин натиҷаҳо мавқеи сиёсии ҳукумати Доналд Трампро дар Конгресси ИМА бо мушкилоти ҷиддӣ рӯбарӯ мекунанд.
04.11.2026 10:27
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Теъдоде аз занон дар Ҳилманди Афғонистон, ки сарпарастии хонаводаҳои худро бар дӯш доранд, мегӯянд, гурӯҳи террористии Толибон на ба онҳо иҷозаи кор медиҳанд ва на мегузоранд, ки гадоӣ кунанд.
04.11.2026 10:09
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Суханронии Шарифзода Юсуф Тоир, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бо забони урду дар ҷараёни боздид аз Палатаи савдо ва саноати шаҳри Файсалободи Покистон таваҷҷуҳи соҳибкорони ин минтақаро ҷалб кард.
04.11.2026 09:57
Дар Вазорати фарҳанг лоиҳаи рушди таҳсилоти бадеӣ ва фарҳангии кӯдакону наврасон муҳокима шуд
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони ширкати SP Impact ва Хадамоти Корея оид ба таълими бадеӣ ва фарҳангӣ (KACES) мулоқот намуд.
04.11.2026 08:30
Ба 170 тарбиятгирандаи мактаб-интернати Истаравшан туҳфаҳои Президенти кишвар расид
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2-юми ноябр дар Маҷмааи миллии соҳибкории "Роҳи Абрешим"'-и шаҳри Истаравшан аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 170 нафар тарбиятгирандаи мактаб-интернати шаҳри Истаравшан туҳфа супорида шуд.
04.11.2026 07:55
Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки аз 4-ум то 6-уми ноябри соли равон омадани сел пешгӯӣ мешавад.