Таъиноти кадрӣ: раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд
Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Узбекистон: гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият ва шиносоӣ бо лоиҳаи «Тошканди нав»
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Таъиноти кадрӣ: раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд
4-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат навиштааст, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони нохияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод ва Дӯстии вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Сангвор аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд.
Афзуда мешавад, ки директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлагии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев», директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.
Ҳамин тавр, мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад муовини якум, Назарзода Ризо Шодӣ, Насулобекзода Диловаршо Насуллобек ва Нуриддинзода Некруз Зиёвиддин муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, Фурқати Ҳукумат ва Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуданд.
“Таъкид гардид, ки барои кадрҳои ба роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншуда вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст”, - афзудааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард