Ҷанги зидди Эрон мавқеи Трампро дар Конгресси ИМА заиф кард
Занони ниёзманд дар Ҳилманди Афғонистон: Толибон на иҷозаи кор медиҳанду на талбандагӣ
Артиши Эрон ҳушдор дод: агар Амрико ҳамла кунад, посухи Эрон аз Ғарби Осиё фаротар меравад
Низомиёни Русия дар Хатлон роҳи мошингардро аз сел тоза карданд
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико, пас аз пирӯзии демократҳо гуфтааст, ки мардуми ин кишвар хостори сиёсате ҳастанд, ки ба ҷойи тафриқаангезӣ, заминаи ҳамбастагиро фароҳам созад.
Обама рӯзи сешанбе, 3-юми ноябр, дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, ки демократҳо акнун бояд барои эҷоди тағйирот ва пешгирӣ аз зарарҳои бештар, дар бахшҳое, ки қудрат доранд, иқдом кунанд.
Ӯ афзудааст, ки натиҷаҳои интихобот нишон доданд, мардуми Амрико хостори роҳбароне ҳастанд, ки барои мушкилот ва чолишҳои онҳо роҳҳалҳои амалӣ пайдо кунанд.
Обама дар ҳафтаи охири маъракаи интихоботӣ низ аз чанд номзади демократ ҳимоят карда, дар суханрониҳояш борҳо аз Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳукумати ӯ интиқод кард.
Натиҷаҳои интихоботи миёндавраии Амрико нишон медиҳанд, ки демократҳо назорати ҳар ду палатаи Конгресс, яъне Сенат ва Маҷлиси намояндагонро ба даст хоҳанд гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард