Таъиноти кадрӣ: раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо иваз карда шуданд
Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Узбекистон: гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият ва шиносоӣ бо лоиҳаи «Тошканди нав»
Сафири Тоҷикистон хостори густариши сармоягузории Покистон дар Тоҷикистон шуд
Тоҷикистон бо Лаос дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ кард
Сафари расмии Рустами Эмомалӣ ба Узбекистон: гулчанбаргузорӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият ва шиносоӣ бо лоиҳаи «Тошканди нав»
Имрӯз, 4-уми ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон рафт.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, дар фурудгоҳи байналмилалии “Тошканд-Ҳумо” ба номи Ислом Каримов Рустами Эмомалиро муовини якуми раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, ҳокими шаҳри Тошканд, сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар аснои сафар Рустами Эмомалӣ бо нишони эҳтиром ба таърих ва давлатдории миллии Узбекистон дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузошт.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд бо нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард