Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Судҳои кишвар беш аз 80 ҳазор парванда ва маводи гуногунро баррасӣ карданд
Бинобар иттилои Рустам Мирзозода, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли равон судҳои ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 80 ҳазору 193 парванда ва маводи гуногунро дар марҳилаҳои якум, кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ карданд.
Дар нишасти хабарӣ иттилоъ дода шуд, ки парванда ва маводи гуногуни баррасишуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 6 401 зиёд аст.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 8 438 парвандаи гражданӣ, 20 785 парвандаи оилавӣ, 6 495 парвандаи ҷиноятӣ, 31 496 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, 4 519 дархости мақомоти тафтиши пешакӣ ва 3 957 пешниҳоди сохтору мақомоти дахлдор баррасӣ гардиданд.
Зикр гардид, ки дар нимсолаи якум дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” 8 392 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ шуда, нисбат ба 7 224 кас ба маблағи умумии 5 миллиону 731 ҳазору 318 сомонӣ ҷарима таъин гардидааст.
Ҳамчунин, афзуда шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти судҳо дар нимсолаи якуми соли 2026 аз ҳисоби боҷи давлатӣ, ҷаримаҳо, мусодираи молу мулк ва дигар пардохтҳо ба маблағи умумии 119 миллиону 975 ҳазору 403 сомонӣ ба фоидаи давлат рӯёнида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард