Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Вазири хориҷии Эрон мегӯяд миллатҳои минтақа ва Амрико аз фиребкории Исроил ба танг омадаанд
Ироқчӣ: “Акнун навбати Кохи Сафед аст, ки интихоб кунад”
Чаро мавҷҳои гармӣ дар Аврупо маргбор ҳастанд?
Бо вуҷуди ҳушдорҳои такрорӣ аз тобистони фоҷиабори соли 2003 то кунун, мавҷҳои гармӣ ҳамчунон ҳар сол ҳазорон нафарро дар Аврупо қурбон мекунанд. Дар ҳоле ки ин қора беш аз ду баробар тезтар аз миёнаи ҷаҳонӣ гарм мешавад, пиршавии аҳолӣ, манзилҳои номуносиб бо иқлими нав ва зерсохтҳои омоданашуда барои гармои шадид, тавони муқовимати Аврупоро дар баробари тобистонҳои сӯзон ба чолиши ҷиддӣ табдил додааст.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки Аврупо босуръаттарин минтақаи ҷаҳон аз назари афзоиши ҳарорат аст. Ба гуфтаи ин созмон, мавҷҳои гармии шадид дигар падидаҳои истисноӣ нестанд, балки ба бахше аз тобистонҳои ҳамешагии қора табдил шудаанд.
Бар асоси маълумоти хадамоти мониторинги иқлими Иттиҳоди Аврупо (Коперникус), дар ҳоле ки миёнаи ҳарорати Замин аз соли 1900 то кунун 1,4 дараҷа боло рафтааст, ин нишондиҳанда барои Аврупо ба 2,5 дараҷаи селсий расидааст.
Маргҳои вобаста ба гармӣ
Оморҳо нишон медиҳанд, ки Аврупо нисбат ба саҳми аҳолии худ, бештарин талафоти марбут ба гармиро таҷриба мекунад. Дар ду даҳаи аввали асри XXI дар ҷаҳон 489 ҳазор марги вобаста ба гармӣ сабт шудааст, ки беш аз сеяки онҳо дар Аврупо рух додаанд, дар ҳоле ки аҳолии ин қора камтар аз 10 дарсади аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Танҳо дар солҳои 2020 то 2023 беш аз 200 ҳазор нафар дар Аврупо бар асари гармии шадид ҷон бохтаанд. Дар соли 2022 низ зиёда аз 60 ҳазор нафар қурбонии мавҷҳои гармӣ шудаанд.
Коршиносон мегӯянд, ки бисёре аз ин маргҳо мустақиман ҳамчун марги вобаста ба гармӣ сабт намешаванд. Гармӣ бемориҳои қалбӣ, роҳи нафас ва дигар бемориҳоро авҷ гиронда, ба афзоиши “марги изофӣ” меанҷомад.
Пиршавии аҳолӣ ва тағйироти иқлим
Пажӯҳишгарон пиршавии аҳолии Аврупоро яке аз омилҳои асосии афзоиши қурбониёни гармӣ медонанд. Сокинони солманд, ба вижа афроде, ки аз бемориҳои музмин ранҷ мебаранд, дар баробари гармии шадид осебпазиртаранд.
Александра Казмерчак, коршиноси иқлим ва солимӣ дар Агентии муҳити зисти Аврупо, вазъияти кунуниро “тӯфони комил” тавсиф кардааст: вазъияте, ки аз ҳамзамон шудани тағйироти босуръати иқлим ва пиршавии аҳолӣ ба вуҷуд омадааст.
Манзилҳое, ки барои гармӣ сохта нашудаанд
Бештари биноҳои Аврупо, махсусан дар шимоли қора, барои нигоҳ доштани гармӣ дар зимистон тарҳрезӣ шудаанд, на барои сард мондан дар тобистон. Ба ҳамин сабаб, бисёре аз хонаҳо дар мавҷи гармӣ ба муҳити хатарнок табдил мешаванд.
Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2050 ҳудуди 92 дарсади хонаҳои Британия аз ҳад зиёд гарм хоҳанд шуд. Дар ҳамин ҳол, танҳо тақрибан 20 дарсади хонаводаҳои аврупоӣ ба дастгоҳҳои хунуккунанда дастрасӣ доранд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар Иёлоти Муттаҳида ба 90 дарсад мерасад.
Коршиносон мегӯянд, ки корхонаҳо, мактабҳо, бемористонҳо ва марказҳои нигоҳубин низ барои гармии шадид омода нестанд ва ҳамин масъала хатари маргро бештар кардааст.
Омодагии нокофӣ
Бо вуҷуди он ки бисёре аз кишварҳои аврупоӣ низомҳои ҳушдор, марказҳои хунуккунанда ва тавсияҳои солимиро роҳандозӣ кардаанд, таҳлилгарон мегӯянд, ки ин тадбирҳо бо суръати тағйироти иқлим ҳамқадам нестанд.
Оморҳои тобистони соли 2026 нишон медиҳад, ки моҳи июн дувумин моҳи июни гарм дар таърихи сабтҳои Аврупо будааст. Дар Аврупои Ғарбӣ миёнаи ҳарорат 3,05 дараҷа аз миёнаи солҳои 1991–2020 бештар сабт шудааст.
Дар Британия ҳарорат дар шаҳри Лингвуд ба 37,7 дараҷа расид ва дар шаҳри Кардифф гармтарин шаби моҳи июн бо ҳарорати 23,5 дараҷа сабт шуд.
Дар Испания мавҷи дувуми гармӣ, ки аз 25 то 29-уми июн идома дошт, боиси марги 463 нафар шуд. Дар Олмон мавҷи гармии охири июн ба марги тақрибан 4300 нафар анҷомид. Дар Фаронса танҳо дар ҳафтаи охири июн 2026 мавриди марги изофӣ сабт шуд, ки 29,1 дарсад бештар аз ҳолати маъмул аст.
Ҳамчунин, дар Белгия дар давоми ду ҳафта то 1747 мавриди марги изофӣ ба қайд гирифта шуд, ки баландтарин омори сабтшуда аз соли 2000 ба ин сӯ будааст. Дар Ҳолланд низ мақомот аз ҳудуди 480 марги изофӣ бар асари гармии шадид хабар додаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад
Боздошти шаш ноболиғ: аз хонаи шаҳрвандон пулу ҷавоҳирот ва телефони мобилӣ дуздидаанд
“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ
Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд