Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Муассисаҳои нашриявии Вазорати фарҳанг беш аз 61 ҳазор нусха китоб нашр кардаанд
Имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар нимсолаи якуми соли равон муассисаҳои нашриявии вазорат 79 номгӯй китоб бо теъдоди умумии 61 ҳазору 50 нусха ба маблағи зиёда аз 1,85 миллион сомонӣ нашр кардаанд.
Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 28 чорабинӣ марбут ба намоиш-фурӯш ва муаррифии китоб (21 намоиш-фурӯш ва 7 муаррифии китоб) дар бинои вазорат, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Норак, Ваҳдат, ноҳияи Нуробод ва муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар бо иштироки доираи васеи алоқамандону дӯстдорони китоб баргузор карда шуд.
Ҳамчунин, дар нишаст иттилоъ дода шуд, ки дар се соли охир 200 рӯзнома, (130 давлатӣ ва 70 мустақил), 199 маҷалла, (163 давлатӣ ва 36 мустақил), 100 матбаа, (24 давлатӣ, 76 мустақил), 20 нуқтаи фурӯши китоб, (1 давлатӣ, 19 мустақил), 13 нашриёт, (5 давлатӣ ва 8 мустақил), 6 агентии иттиллоотӣ, (1 давлатӣ ва 5 мустақил) дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳисоб гирифта шудааст.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад