Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Русия бо роҳбарии муовини Сарвазири Федератсияи Русия Алексей Оверчук рӯзи 12-уми ноябр як ҳайати иқтисодии беш аз 70 нафараро ба Кобул фиристодааст. Ҳадафи ин сафар баррасии густариши тиҷорат ва ҷалби сармоя ба Афғонистон гуфта мешавад. Дар ин ҳайат беш аз 70 соҳибкор аз ширкатҳои мухталифи Русия ҳузур доранд.
Ҳайати Русия бо роҳбарии муовини Сарвазир Алексей Оверчук дар ҷараёни сафар ба Кобул бо мақомоти гурӯҳи террористии Толибон густариши робитаҳои иқтисодиро баррасӣ кард. Ба иттилои расмии ҷониби Афғонистон, дар ин сафар 15 ёддошти тафоҳум ба маблағи умумии 103 миллион доллар ба имзо расидааст.
15 санади ҳамкорӣ ба маблағи 103 миллион доллар
Тибқи иттилои расонаҳои афғонистонӣ намояндагони бахши хусусии ду кишвар дар ҳузури Алексей Оверчук ва Мулло Бародар 15 ёддошти тафоҳум ба маблғаи 103 миллион доллар имзо карданд.
Ин тафоҳумномаҳо воридоти доруворӣ, гандум, орд ва равғани хӯрокворӣ аз Русия ба Афғонистон, инчунин, содироти меваҳои тару тоза, бахусус анор, ба бозори Русияро дар бар мегиранд. Рушди мубодилаи мол миёни ду кишвар низ аз мавзуъҳои ин тафоҳумномаҳо будааст.
Як рӯз баъд Алексей Оверчук ба хабарнигорон гуфт, ки дар натиҷаи мулоқотҳо ва ҳамоиши соҳибкорон як бастаи калони санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расид. Ба гуфтаи ӯ, ин санадҳо таъмини Афғонистон бо маҳсулоти доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, ғалла, орд ва таҷҳизоти энергетикиро дар бар мегиранд.
Ҳайати Русия аз 130 нафар иборат буд
Ба иттилои расмӣ, ҳайати умумии Русия 130 нафарро дар бар мегирифт. Дар он намояндагони вазорату идораҳои федералӣ, сармоягузорон, тоҷирон ва саноаткорон шомил буданд.
Дар ҳамин ҳол, Алексей Оверчук ба хабарнигори “Интерфакс” гуфтааст, ки беш аз 70 соҳибкор аз даҳҳо ширкати русӣ дар ҳайат ҳузур доранд. Ба гуфтаи ӯ, як қисми ширкатҳо аллакай дар Афғонистон фаъолият мекунанд ва гурӯҳи дигар мехоҳанд ба бозори ин кишвар ворид шаванд.
“Имрӯз дар ҳайати мо беш аз 70 соҳибкор ҳастанд, ки даҳҳо ширкати Русияро намояндагӣ мекунанд. Бисёре аз онҳо аллакай дар Афғонистон фаъолият доранд ва бархеи дигар мехоҳанд ба кор шуруъ кунанд”, - таъкид кард Алексей Оверчук.
Ӯ афзуд, ки вазифаи асосии ҷониби Русия фароҳам овардани шароит барои рушди робитаҳои мустақим миёни соҳибкорони ду кишвар мебошад.
Ба иттилои “Интерфакс”, дар ҳайат намояндагони ширкатҳои соҳаҳои нақлиёт, логистика, кишоварзӣ ва дорусозӣ ҳузур доштаанд. Оверчук ҳамчунин, аз таваҷҷуҳи Афғонистон ба харидории нуриҳои минералии Русия ва таъсиси корхонаҳои истеҳсоли ин маҳсулот дар қаламрави Афғонистон хабар додааст.
“Дар Афғонистон ба нуриҳои Русия таваҷҷуҳи зиёд вуҷуд дорад. Ҳамчунин, барои сохтмони корхонаҳои истеҳсоли нуриҳо бевосита дар қаламрави Афғонистон манфиатдор ҳастем”, - гуфтааст муовини сарвазири Русия.
Толибон аз Русия сармоягузорӣ мехоҳанд
Дар мулоқот бо Алексей Оверчук, Абдулғанӣ Бародар аз ширкатҳои русӣ даъват кардааст, ки дар бахшҳои истихроҷи маъдан, нафту газ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, тандурустӣ, телекоммуникатсия ва сохтмони зерсохтор сармоягузорӣ кунанд.
Ба гуфтаи Мулло Бародар, мавқеи ҷуғрофии Афғонистон ва захираҳои табиии он барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ имконият фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин, хостори мусоидати Русия барои дастрасии бештари маҳсулоти афғонӣ ба бозори ин кишвар, кам кардани хароҷоти интиқолу транзит ва содда кардани расмиёти гумрукӣ шудааст.
Ҷониби Афғонистон, аз ҷумла афзоиши содироти чормағзи санавбар, заъфарон, анор, ангур ва пахтаро ба Русия пешниҳод кардааст. Ҳамчунин, масъалаи осон кардани гирифтани раводидҳои дарозмуддат барои тоҷирони афғонӣ матраҳ шудааст.
Гурӯҳи террористии Толибон иттилоъ доданд, ки Алексей Оверчук дар ин мулоқот Русияро шарики муҳимми минтақавии Афғонистон номида ва аз омодагии Маскав барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус иқтисоду тиҷорат, хабар додааст.
Гардиши мол аз 349 миллион доллар гузашт
Масъалаи афзоиши мубодилаи тиҷоратӣ низ дар музокирот ҷойгоҳи муҳим доштааст. Ба гуфтаи Алексей Оверчук, гардиши мол миёни Русия ва Афғонистон дар ҳашт моҳи аввали соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз ду баробар афзуда, аз 349 миллион доллар гузаштааст.
“Интерфакс” бо истинод ба муовини сарвазири Русия хабар додааст, ки дар ин давра содироти Русия ба Афғонистон 2,1 баробар ва воридоти маҳсулоти афғонӣ ба бозори Русия 2,2 баробар зиёд шудааст. Алексей Оверчук гуфтааст, ки дар бозори Русия ҳузури маҳсулоти кишоварзии Афғонистон тадриҷан бештар мешавад.
“Дар баробари меваҳои хушк, интиқоли меваҳои тару тоза, сабзавот ва буттамева низ оғоз шудааст”, - таъкид кард Алексей Оверчук.
Алексей Оверчук дар маҷмуъ аз таваҷҷуҳи ҳукумати Афғонистон ба рушди робитаҳо бо Русия ёдовар шуда, гуфтааст, ки Маскав омода аст аз ин раванд пуштибонӣ кунад.
“Мо аз ҷониби ҳукумати Афғонистон барои рушди муносибатҳо бо Русия таваҷҷуҳи зиёд мебинем ва омодаем дар ин замина ба Афғонистон кумак кунем. Пеш аз ҳама, барои рушди иқтисод, таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини даромади муносиб барои мардум, то онҳо дар фазои орому осуда зиндагӣ кунанд”, — таъкид кард Алексей Оверчук
Сафари ҳайати Русия дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳукумати Толибон барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши робитаҳои иқтисодӣ бо кишварҳои дигар талош дорад. Русия моҳи июли соли 2025 ҳукумати Толибонро расман ба эътироф гирифта буд ва то кунун ягона кишварест, ки чунин иқдом кардааст. Фаъолияти гурӯҳи террористии Толибон дар Тоҷикистон манъ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад