Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
“Раванди сабз”-и Амруллоҳ Солеҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби Панҷшерро ба оташ кашид
“Раванди сабз” ба раҳбарии Амруллоҳ Солеҳ эълон кард, ки неруҳои ин гурӯҳ қароргоҳи Толибон дар як мактаби вилояти Панҷшерро оташ задаанд. Аммо масъулони мактаб гуфтаанд, ки сӯхтор дар ин мактаб ба фаъолияти неруҳои Амруллоҳ Солеҳ рабт надошта, бар асари такиши балони газ рӯй додааст.
“Раванди сабз” рӯзи 12-уми ноябр хабар дод, ки қароргоҳи Толибон дар мактаби миёнаи “Хоҷа Фарҳод” дар минтақаи Абдулоҳхели ноҳияи Дараи Панҷшер тақрибан соати 23:00-и шаби чоршанбе оташ гирифтааст.
Тибқи иттилои ин гурӯҳ Толибон посбони мактаб бо номи Зариф, фарзанди Муҳаммад Фаридро боздошт кардаанд. “Раванди сабз” гуфтааст, ки ин шахс ба сӯхтор ва фаъолияти гурӯҳ рабт надорад.
Сарчашмаҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Дараи Панҷшер сӯхтор дар мактабро тасдиқ карда, гуфтаанд, дар натиҷаи сӯхтор чор утоқи мактаб ва боми он осеб дидааст.
Ин дар ҳолест, ки директори мактаб иддаои “Раванди сабз” – ро рад карда, мегӯяд сӯхтор бар асари таркиши балони газ рӯй додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад