Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Русия ҳамроҳи Оверчук ҳайати беш 70-нафараро ба Кобул фиристод
Политико: Трамп Ҷей Ди Вэнсро аз музокирот бо Эрон канор гузошт
Русия аз эҳтимоли оғози дубораи ҷанг миёни Амрико ва Эрон ҳушдор дод
Трамп: “Ҳар лаҳза омодаи ҳамла ба Эрон ҳастам”
Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон вазъияти Эронро зери назар дорад ва барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба ин кишвар омода аст. Ӯ гуфт, дигар ИМА ба созиш бо Эрон ниёз надорад.
Доналд Трамп дар як суҳбати расонаӣ вазъиятро тавре таҳлил мекунад, ки гӯё ҳама чиз мувофиқи нақшаи Вашингтон пеш меравад. Доналд Трамп дар идомаи изҳори назари худ мавқеи Амрикоро шарҳ дода, афзуд: “Мо ба ҳеч гуна созиш бо Эрон ниёз надорем. Он рӯзҳо кайҳо гузаштаанд. Мо пулҳои онҳо, садҳо миллиард доллар ва ҳамчунин, гузаргоҳи онҳоро дар ихтиёр дорем”.
Ин суханони Доналд Трамп дар ҳоле садо медиҳад, ки масъалаи ҷанг бо Эрон ва паёмадҳои иқтисодии он ба баҳсҳои муҳимми сиёсати дохилии Амрико табдил ёфтааст. Мухолифони Трамп иддао мекунанд, ки далелҳои ӯ дар робита ба оғози ҷанг бо Эрон дуруст нестанд ва ин ҷанг бояд ҳар чи зудтар поён ёбад.
Хабаргузории “Тасним”-и Эрон ин суханонро талоши Доналд Трамп барои нишон додани назорати вазъият ва коҳиш додани фишорҳои сиёсӣ пас аз натиҷаҳои интихоботи миёндавраӣ арзёбӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи таъсиси корхонаҳои саноатӣ гуфтугӯ карданд
Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад
Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад
Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад