Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Трамп: “Бо Нетаняҳу тамос мегирам, то ба ҳамлаҳои Эрон посух надиҳад”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфтааст, ки бо Бенёмин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, тамос мегирад ва аз ӯ мехоҳад ба ҳамлаҳои ахири Эрон посух надиҳад.
“Ал-Ҷазира” рӯзи якшанбе, 7-уми июн, гузориш дода, ки Трамп ин изҳоротро дар гуфтугӯ бо чандин расона, аз ҷумла “Аксиос” ва “Шабакаи 12”-и Исроил, матраҳ кардааст.
Барак Равид, хабарнигори “Аксиос”, ба нақл аз Трамп дар “Х” навиштааст, ки ӯ ба дастёбӣ ба тавофуқе бо Эрон барои поёни доимии ҷанг “бисёр наздик” шуда ва намехоҳад раванди дипломатӣ ба далели ҳамлаҳои ахири Эрон ба Исроил аз байн биравад.
Трамп гуфтааст: “Ҳамлаҳои Эрон ба касе осеб нарасонд. Умедворам Исроил талофӣ накунад.”
Ӯ афзудааст, ки дар сурати ҳамлаи мутақобили Исроил, чархаи даргириҳо ҳамчунон идома хоҳад ёфт.
Ин изҳорот дар ҳоле матраҳ мешавад, ки талошҳои дипломатӣ барои коҳиши таниш миёни Эрон ва Исроил идома дорад ва Вашингтон дар пайи дастёбӣ ба тавофуқе барои поён додан ба даргириҳои ҷорӣ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид