Тоҷикистон дар Конфронси Доҳа ояндаи алоқаи ҷаҳонӣ ва рушди технологияҳои рақамиро баррасӣ кард
Ба Тоҷикистон беш аз 1, 5 миллион сайёҳи хориҷӣ омадаанд
Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад
Баррасии масъалаи сохтмони неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ миёни Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд
Байни Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ созишномаи маблағгузорӣ ба имзо расид
Дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ барои татбиқи лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» (AMAL) баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, Созишномаро вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода ва директори минтақавии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон Роберто Лонго ба имзо расониданд.
Манбаъ меафзояд, ки маблағи умумии созишномаи мазкур 19,7 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, он пурра гранти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ мебошад. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи мазкур 2,3 млн доллар аз ҳисоби саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
“Ҳадафи асосии лоиҳа аз баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, даромад ва устувории хонаводаҳои деҳоти Тоҷикистон, хусусан чорводорони хурд, тавассути беҳтар намудани маҳсулнокии соҳаи чорводорӣ, идоракунии устувори чарогоҳҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим иборат аст”, - навиштааст манбаъ.
Инчунин, гуфта мешавад, ки лоиҳаи мазкур ба рушди занҷири арзиши маҳсулот, соҳибкории хурду миёна, беҳтар кардани сохтори ғизои аҳолӣ ва васеъ намудани дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ нигаронида шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Британияи Кабир ба захираҳои сурма, нуқра, тилло ва сурби Тоҷикистон “чашм дӯхтааст”
Попи Рум аз ҷавонон хост ба дунболи пулу шуҳрат дар шабакаҳои иҷтимоӣ набошанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Футболбози 18-солаи тоҷик ба бошгоҳи Арабистони Саудӣ пайваст