Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Трамп Умонро низ таҳдид кард: “Агар дигаргуна рафтор кунед, мунфаҷир хоҳед шуд!”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар идомаи таҳдидҳо алайҳи кишварҳои гуногун, Умонро низ ба унвони понздаҳумин кишвар таҳдид ба ҳамла кард ва гуфт: “Агар Умон дар тангаи Ҳурмуз дигаргуна рафтор кунад, мунфаҷир хоҳад шуд!”
Ба гузориши Расонаи “Арабӣ 21” Трамп шаби гузашта (чаҳоршанбе) дар идомаи суханони зидду нақизи худ бо ишора ба ин ки тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз хоҳад буд, иддао кард: “Амрико аз он муҳофизат хоҳад кард ва ин шартҳо бахше аз музокирот бо Эрон аст”.
Вай дар суханони худ бар зидди Умон, ин кишварро низ таҳдид ба ҳамла кард ва гуфт: “Умон низ монанди ҳар кишвари дигаре рафтор хоҳад кард ва дар ғайри ин сурат маҷбур хоҳем шуд, онро мунфаҷир кунем”.
Трамп дар посух ба ин суол, ки оё тавофуқи кутоҳмуддатеро, ки ба Эрон ва Умон иҷозаи контрол бар ин оброҳи ҳаётиро диҳад, хоҳад пазируфт, гуфт: “Не, тангаи Ҳурмуз барои ҳама боз хоҳад буд, ин обҳои байналмилалӣ аст ва ҳаргиз ҳеч касе контроли онро дар даст нахоҳад дошт ва мо аз он муҳофизат хоҳем кард ва ин бахше аз музокироти ҷорӣ аст”.
Коршиносон мегӯянд ин суханони Трамп алайҳи Умон дар ҳоле матраҳ мешавад, ки ин кишвар, понздаҳумин кишваре аст, ки ӯ дар ду давраи раёсати ҷумҳурии худ таҳдид ба ҳамла кардааст ё аз эҳтимоли ҳамла ба он сухан гуфта ё амалан алайҳи он иқдом кардааст.
Аз рӯйи таҳлилҳо Трамп дар давраи кунунӣ то имрӯз ба ҳафт кишвар ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст, ки иборат аз Эрон, Ироқ, Нигерия, Сомалӣ, Сурия, Венесуэла ва Яман аст ва албатта бархе аз ин кишварҳо дар давраи нахусти раёсати ҷумҳури Трамп низ мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Раиси ҷумҳури Амрико дар ин давра ҳамчунин, ба ҳамла ё эҳтимоли ҳамла ба ҳафт кишвари дигар таҳдид кардааст, ки иборатанд аз Канада, Колумбия, Куба, Гренландия (вобаста ба Дания), Мексика, Панама ва Умон. Ҳамчунин, ӯ дар давраи нахусти худ низ Мексика ва Кореяи Шимолиро таҳдид карда буд.
Ба навиштаи ин расонаи арабӣ, бахше аз ин рафторҳои Трамп мумкин аст ба пайравии ӯ аз назарияи “марди девона” дар сиёсати хориҷӣ марбут шавад ва ба ибораи дигар ӯ тамоюл дорад худро фарди ғайри қобили пешбинӣ нишон диҳад ва тасаввур мекунад, ки бо ин кор душманони хориҷии ӯ таслими хостаҳои ӯ мешаванд. Таҳлилгарон мегӯянд, бо ин ҳол ин рафторҳои Трамп нишондиҳандаи рафтори таҷовузии раиси ҷумҳуре аст, ки то кунун дар соли ҷорӣ ба ду кишвар - Эрон ва Венесуэла ҳамла карда ва ба назар мерасад, ки дар фикри ҳамлаи севум ба Куба аст.
Оморҳо нишон медиҳад, ки Трамп то кунун аз тахминан 200 кишвари ҷаҳон, 15 кишварро таҳдид ба ҳамла кардааст ё амалан ба онҳо ҳамла кардааст. Аз ин теъдод панҷ кишвар дар Ховари Миёна қарор доранд ва ба ибораи дигар Трамп аз 20 кишвари минтақа, панҷ кишварро таҳдид ба ҳамла кардааст ё ҳадаф қарор додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт