Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Суханронии сафири Тоҷикистон бо забони урду соҳибкорони покистониро ба ваҷд овард
Маркази хабарнигорони Афғонистон баста шудани се радиои маҳаллӣ дар Қандаҳор тавассути Толибонро маҳкум кард
Маркази хабарнигорони Афғонистон аз баста шудани се радиои маҳаллӣ тавассути гурӯҳи террористии Толибон дар вилояти Қандаҳор хабар дода ва ин иқдомро маҳкум кардааст.
Ин марказ рӯзи якшанбе, 24-уми май гузориш дода, ки радиоҳои “Таҳсин-ул-Қуръон”, “Санге” ва “Зма Зевар” аз ҷониби Идораи иттилоот ва фарҳанги Толибон баста шудаанд.
Бар асоси гузориш, Толибон далели ин тасмимро надоштани ҳуҷҷати расмӣ, пардохт накардани андоз барои чандин сол ва нашри ғайримеъёрӣ унвон кардаанд.
Маркази хабарнигорони Афғонистон ин иқдомро “нишонаи ошкори дигари раванди саркӯби расонаҳои озод” дар Афғонистон дониста ва онро маҳкум кардааст.
Бар асоси гузориш, иддаоҳои матраҳшуда дар бораи надодани андоз ва нашри ғайримеъёрӣ, ба вижа дар мавриди радиоҳои “Санге” ва “Зма Зевар” нодуруст буда ва Толибон аз ин баҳона барои бастани расонаҳои озод истифода мекунанд.
Пас аз тасаллути дубораи Толибон дар соли 2021 маҳдудиятҳо бар расонаҳо ба гунаи бесобиқае афзоиш ёфта ва шумори зиёде аз расонаҳо баста шудаанд.
Маркази хабарнигорони Афғонистон гуфта, ки дар ҳоли ҳозир, ба ғайр аз Радиои миллӣ, танҳо 10 радиои хусусии маҳаллӣ дар Қандаҳор боқӣ монда аст, ки бо маҳдудиятҳои шадид ва коҳиши чашмгири даромадҳои таблиғотӣ рӯ ба рӯ ҳастанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ҳушдори Русия ба Аврупо: ҷойгир кардани неру ва амалиётӣ низомӣ Баҳри Сиёҳро ноором мекунад
Муовини Трамп: Ҷанг бар зидди Эрон ва ҳамкорӣ бо Исроил далели шикаст дар интихобот аст
Сафири Русия: Тақрибан 40 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард