Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Иштироки роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”
Дирӯз, 26-уми март дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар Қасри ҳамоишҳои байналмилалии “Узбекистон” дар барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
“Баргузории ин ҳамоиши фарҳангӣ идомаи мантиқии анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар мебошад”- зикр мегардад дар иттилоияи Хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Манбаъ меафзояд, ки баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”-ро метавон намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ миёни мардумони ду кишвар маънидод намуд.
Гуфта мешавад, ки барномаи фарҳангии “Шоми дӯстӣ”-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон тараннумгари дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад