Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Трамп: “Ба таври ғайримустақим дар музокироти Эрон ва Амрико иштирок хоҳам дошт”
Доналд Трамп, президенти Амрико даври ҷадиди музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Женеваи Швейтсарияро “бисёр муҳим” донист ва гуфт, ки “ба таври ғайримустақим” дар ин музокирот иштирок хоҳад дошт.
Ба гузориши расонаҳо президенти Амрико шаби душанбе ба хабарнигорон дар посух ба ин савол, ки “аз ин музокироти Эрон дар Женева чӣ интизорӣ доред?” гуфт: “Ба таври ғайримустақим” дар музокироти Эрон ва Амрико иштирок хоҳад дошт ва “фикр мекунам онҳо (эрониҳо) мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд”.
Вай дар мавриди чашмандози тавофуқ изҳор кард, ки Эрон ин бор барои музокира ангеза дорад ва “фикр намекунам, ки онҳо хостори паёмадҳои бадастнаомада бошанд”.
Трамп тасреҳ кард: “Ин музокирот бисёр муҳим хоҳад буд ва хоҳем дид чӣ мешавад”.
Президенти Амрико бо такрори иддаоҳои худ афзуд: “Эрон маъмулан музокиракунандаи сарсахте аст, музокиракунандагони хубе ҳастанд. Дар воқеъ ба назари ман, музокиракунандагони баде ҳастанд чун натавонистем бо онҳо ба тавофуқ бирасем ва маҷбур шудем (бомбафканҳои) Би-2-ро бифиристем то тавонмандии ҳастаии онҳоро аз байн бибаранд”.
Президенти Амрико муддаӣ шуд: “Умедворам мантиқитар амал кунанд, онҳо мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд”.
Трамп дар посух ба суоли хабарнигоре, ки пурсида буд, расидан ба тавофуқ тақрибан ғайримумкин аст, гуфт: “На, ман фикр мекунам онҳо мехоҳанд ба тавофуқ бирасанд. Фикр намекунам онҳо паёмадҳои нарасидан ба тавофуқро бихоҳанд”.
Музокироти ҳастаии ғайримустақими Эрон - Амрико рӯзи сешанбе, 17-уми феврал бо миёнҷигарии Умон дар Женеваи Швейтсария баргузор мешавад. Даври қаблии музокироти ғайримустақими Теҳрон- Вашингтон дар Масқат баргузор шуд, ки дар он ҳайатҳои музокиракунандаи Эрон ва Амрико, маҷмуе аз назарҳо, мулоҳизаҳо ва рӯйкардҳои худро аз тариқи Бадр Ал-Бусаидӣ, вазири корҳои хориҷаи Умон ба якдигар мунтақил карданд.
Ду тараф ин гуфтугӯҳоро “хуб” тавсиф ва барои тадовуми ин гуфтугӯҳо изҳори тамоюл кардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт