Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Иддаои Сеул: духтари Ким Чен Ин раҳбари ояндаи Кореяи Шимолӣ мешавад
Як расонаи Кореяи Ҷанубӣ ба нақл аз қонунгузорони ин кишвар, муддаӣ шуд, ки Пхенян вориди марҳилаи таъйини ҷонишинии Ким Чжу Э, духтари Ким Чен Ин раҳбари Кореяи Шимолӣ шудааст.
Хабаргузории “Юнҳап” ба нақл аз Порк Сан-Вон ва Ли Сонг-Квон, намояндагони Маҷлиси Кореяи Ҷанубӣ, навишт: “Созмони иттилоотии ин кишвар имрӯз (панҷшанбе) дар Маҷлиси Кореяи Ҷанубӣ эълом кард, ки Пхенян вориди марҳилаи таъйини Ким Чжу Э, духтари Ким Чен Ин, раҳбари Кореяи Шимолӣ, ба унвони ҷонишини вай шудааст.
Ли бо ишора ба ҳузури Ким Чжу Э дар солгарди таъсиси артиши Кореяи Шимолӣ ва Қасри Хуршед “Кимсусан” ва изҳори назарҳое дар бораи бархе сиёсатҳои давлати Пхенян, афзуд: “Хадамоти иттилооти миллии Кореяи Ҷанубӣ муътақид аст, ки вай (Ким Чен Ин) акнун вориди марҳилаи таъйини ҷонишин шудааст.
Вай тасреҳ кард, ки арзёбии ахири ин ниҳоди Кореяи Ҷанубӣ нишон медиҳад, Ким Чен Ин аз марҳилаи “омӯзиш” барои ҷонишин ба марҳилаи “таъйини ҷонишин” расидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт