15 Ноябр 2026,
якшанбе, 23:31, Душанбе
11.02.2026 10:58

Ироқчӣ: “Метавонем ба тавофуқе беҳтар аз БАРҶОМ даст ёбем”

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки кишвараш омодаи созишномае беҳтар аз БАРҶОМ аст, аммо ба кафолатҳои воқеии Амрико ниёз дорад.

Ба гузориши расонаҳо Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар гуфтугӯ бо шабакаи “Рашатудей” бо ишора ба таҳаррукоти ахири Исроил ва дидорҳои Бинёмин Нетаняҳу дар Вашингтон, таъкид кард, ки нахуствазири Исроил аслан мухолифи сулҳ ва дипломатия аст ва ҳамвора дар пайи кашондани минтақа ба ҷанг будааст. Вай бо ишора ба музокироти ғайримустақим ва нақши воситаҳо, тасреҳ кард, Эрон дар сурати вуҷуди ҳусни нияти воқеӣ, омодаи дастёбӣ ба созишномае беҳтар аз БАРҶОМ аст: созишномае, ки ҳам набуди силоҳи ҳастаиро тазмин кунад ва ҳам ҳуқуқи машруъи Эрон дар истифодаи сулҳомези фанноварии ҳастаиро ба расмият бишносад. Ироқчӣ ҳамчунин, бо ёдоварии таҷрибаи талхи ҳамлаи Амрико дар ҷараёни музокироти гузашта, бар зарурати дарёфти кафолатҳои айнии Вашингтон таъкид кард.

Дар идома саволҳои рӯзноманигор ва посухҳои доктор Ироқчӣ оварда мешавад.

Рӯзноманигор: Эҳсос мекунам музокироти шумо бо ҷаноби Кушнер, Уиткофф ва Бродли хуб пеш меравад. Ин ҳисси ман аз инҷо меояд, ки Бинёмин Нетаняҳу фавран ҷаласаи изтирорие дар Вашингтон бо ҷаноби Трамп баргузор мекунад. Фикри ман ин аст, ки Нетаняҳу аз пешрафти хуби музокирот хушаш намеояд ва қарор аст бигӯяд, ки онҳо бояд мушакҳои болистики худро канор бигузоранд ва аз ҳамгироӣ бо кишварҳое, ки алайҳи онҳо мавзеъ доранд, даст бикашанд, назари шумо чист?

Сайид Аббос Ироқчӣ: Возеҳ аст, ӯ аз сулҳ хушаш намеояд. Ӯ аз дипломатия хушаш намеояд. Ӯ тарафдори ҷанг аст. Танҳо дар ду соли гузашта ӯ ба ҳафт кишвар дар минтақаи мо ҳамла кардааст. Метавонед бовар кунед? Ҳафт кишвар, ки охиринаш Қатар буд: кишваре, ки муттаҳиди Амрико ва дӯстони мо дар Ғарб аст. Пас ӯ ҳеч роҳи ҳалле дар зеҳнаш надорад ҷуз ҷанг.

Ин чизест, ки ҳама бояд онро дарк кунанд. Ӯ то кунун тамоми талоши худро кардааст то Иёлоти Муттаҳидаро ба ҷанг бо Эрон бикашонад. Ва вақте муваффақ шуд, натиҷа як фоҷиа буд. Онҳо шикаст хӯрданд. Агар дубора таҷрибаи шикастхӯрдаро имтиҳон кунанд, натиҷа тафовуте нахоҳад дошт.

Рӯзноманигор: Оё эҳсос мекунед раисони ҷумҳури дигари Амрико ҳамеша бо Нетаняҳу ё ниёзҳои Исроил мувофиқат мекарданд ё Трамп омода аст бештар аз ончи будааст анҷом диҳад? Ҳисси шумо аз Трамп дар ин бора чист? Чӣ гуна ӯро мебинед?

Сайид Аббос Ироқчӣ: Бигзоред дар бораи ҳиссе, ки аз тарафҳои муомилаи ҷаноби Уиткофф ва Кушнер гирифтам, бигӯям. Фикр мекунам онҳо талош мекунанд аз ҷанг ҷилавгирӣ кунанд ва роҳи ҳалли дипломатик пайдо намоянд ва ин оқилонатарин тасмимест, ки раисҷумҳур Трамп метавонад бигирад. Ба мо гуфта шудааст, ки нияти онҳо пайдо кардани роҳи ҳалли мусолиматомез аст. Агар ҷиддӣ ҳастанд, мо ҳам ҷиддӣ ҳастем, ҳарчанд ҳанӯз комилан мутмаин нестем.

Моҳияти сулҳомези ғанисозӣ муҳим аст. Барои реакторҳои тавлиди барқ, ғанисозии зери 5 дарсад лозим аст. Дар бархе мавориди хос мисли реактори таҳқиқотии Теҳрон (TRR), ба ғанисозии 20 дарсад ниёз аст. Бинобар ин, муътақидам метавонем ба тавофуқе беҳтар аз созишномаи Обама ё БАРҶОМ бирасем. Ман дар бист соли гузашта дар ҳавзаи музокироти ҳастаӣ фаъолият доштаам.

Медонам, ки ин амр дастёфтанист, метавонем ба тавофуқе беҳтар аз гузашта бирасем ва қодир ҳастем тазмин кунем, ки ҳеч силоҳи ҳастаӣ вуҷуд надошта бошад. Набуди силоҳи ҳастаӣ нигаронии аслии касоне аст, ки дағдаға доранд. Мо метавонем онро тазмин кунем.

Ба тими худ дастур додаам рӯйи як тарҳ ё пешниҳоди амалӣ кор кунанд, ки битавонад тазмин кунад ҳеч силоҳи ҳастаӣ вуҷуд нахоҳад дошт. Дар айни ҳол, ҳуқуқи Эрон барои истифодаи сулҳомез аз фанноварии ҳастаиро низ тазмин кунад: барои тавлиди барқ, тавлиди дору, кишоварзӣ ва ҳама мавориди дигар.

Фикр мекунам ин кор шуданӣ ва қобили дастёбӣ аст. Фақат бояд аз халлоқият ва ҳусни нияти худ истифода кунем. Иҷоза диҳед дар ин бора мушаххастар суҳбат кунам. Мо ҳанӯз эътимоди комил ба амрикоиҳо надорем.

Фикр мекунам ҳақ дорем, ки эътимод надошта бошем, чун охирин бор, ки музокира кардем, дар моҳи июни гузашта, дар миёнаи музокирот будем, ки онҳо тасмим гирифтанд ба мо ҳамла кунанд. Ин барои мо таҷрибаи бисёр ва бисёр баде буд.

Бояд мутмаин шавем, ки он сенария такрор нахоҳад шуд. Ин мавзуъ асосан ба амрикоиҳо вобаста аст.

Рӯзноманигор: Шумо ниёз доред ҷаноби Трамп шахсан ба шумо бигӯяд, чун ӯ ҳамон касе буда, ки дар қабл ваъдаро шикаст.

Сайид Аббос Ироқчӣ: Мо ба як кафолат ниёз дорем. Мо ба як кафолати танзимшуда ниёз дорем, ки он сенария такрор нахоҳад шуд ва Иёлоти Муттаҳида аз зӯр барои ҳалли ихтилофот бо дигарон ё дастикам бо Эрон, истифода нахоҳад кард.

Онҳо соли гузашта як бор ин корро имтиҳон карданд ва шикаст хӯрданд. Барномаи ҳастаии Эронро наметавон бо бомбаборон нобуд кард, зеро ин фанновариест, ки худамон онро тавсеа додаем. Бинобар ин, ҳеч роҳи ҳалле ҷуз роҳи ҳалли дипломатик вуҷуд надорад.

Рӯзноманигор: Оё Эрон ҳозир аст бино ба дархости Нетаняҳу, коҳиш ё таъдиле дар равобити худ бо муттаҳидоне, ки нисбат ба Исроил мавзеи хасмона доранд, дар назар бигирад? Оё Эрон ба ҳар шакле ҳозир аст тавонмандии мушакҳои болистики худро маҳдуд кунад?

Сайид Аббос Ироқчӣ: Ин масоил аслан ба барномаи ҳастаии мо марбут нест. Мо фақат дар бораи барномаи ҳастаии худ бо Амрико музокира мекунем.

Рӯзноманигор: Пас ин мавзуъот берун аз тавофуқ аст?

Сайид Аббос Ироқчӣ: Қатъан.

Рӯзноманигор: Чӣ қадар нисбат ба ин гуфтугӯ бо ҷаноби Уиткофф ва ҷаноби Кушнер мутмаин ҳастед, ки метавон ба навъе ба роҳҳал расид ва аз як вазъияти бисёр зишт ва хатарнок дар ин минтақа ва дар сатҳи ҷаҳон ҷилавгирӣ кард?

Сайид Аббос Ироқчӣ: Ман аз тарафи худамон мутмаин ҳастам, мо ҳамон қадр ки барои дифоъ аз худ дар баробари ҳар гуна таҷовузи ҷадид омодаем, барои як роҳи ҳалли дипломатик низ омодаем. Дафъаи гузашта, дар моҳи июни соли гузашта, дар ҳоли музокира будем, ки нахуст исроилиҳо ва сипас, амрикоиҳо ба мо ҳамла карданд - дар ҳоле ки мо дар ҳоли музокира будем. Акнун аз назари низомӣ, чӣ аз лиҳози моддӣ ва чӣ аз лиҳози маънавӣ, нисбат ба пеш аз Ҷанги 12-рӯза омодагии бештаре барои дифоъ аз худ дорем ва барои дипломатия низ омодатарем. Мо аз ончи дар дувоздаҳ моҳи гузашта ва дар ҷараёни Ҷанги 12-рӯза рух дод, дарсҳои зиёде гирифтаем. Дар заминаи ҷанг ва дипломатия, дарсҳои худро омӯхтаем ва акнун барои ҳар ду омодаем.

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.