Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Тарона Алидӯстӣ: “Ман мухолифи ҳиҷобам, бахусус мухолифи иҷбор дар ҳиҷоб”
Тарона Алидӯст, ки дар синамои Эрон ҳунарпешаи шинохташуда мебошад, ахиран дар филми мустанади “Тарона”-и сохатаи Пигоҳ Оҳангаронӣ (“Би-би-сӣ”) розҳои зиндагии солҳои охирашро ифшо кард ва дар мавриди ҳиҷобу эътирозҳои чанд сол пеши занон дар Эрон ва кашида шудани пояш ба зиндон қисса кард. Ӯ бо пайвастанаш ба эътирози сартосарии Эрон “Зан, зиндагӣ, озодӣ” ҳамчун фаъоли маданӣ ном баровард ва дар атрофаш сару садоҳои зиёде шунида шуд. Тули 3 сол буд, ки ӯ дигар дар филмҳо нақш намеофард ва ҳатто аз дурбини расонаҳо низ дур афтода буд. Сабаби инро ӯ бемории шадиде медонад, ки гирифтораш шуд ва инак бо беҳтар шудани ҳолаташ дар филми мустанади “Тарона” намудор гардид. Ӯ дар ин филми мустанад, ки аз ҷониби Пигоҳ Оҳангаронӣ сохта шудааст, фаъоли мадани шудани худро чунин қисса мекунад: “Ман ҳеч вақт қасди онро надоштам, ки фаъоли маданӣ бошам ва ё ин ки шуҳратам ба ин корҳое, ки кардам, бошад. Фикр намекардам, ки ҳеч вақт ин тавр шавад, фикр мекардам, ки ҳамеша ҳунарпешааму дар театр кор мекунам ва ҳамеша ин сарнавиштро дорам. Вале ногаҳон ҳолат дигар шуду як инфиҷоре дар сатҳи миллӣ рух дод ва маро ба сӯйи орзуҳои худам кашид. Ба худ фикр кардам ман чӣ тавр наметавонам дар ин ҳолат нақш надошта бошам ва агар дар ин ҳадаф ҳастам, пас дигар вақти амал аст. Дар натиҷа ҳолате шуд, ки даст ба амал задам. Ба қарор омадам, ки дар гӯшаи хона як селфии беҳиҷобе мегираму дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунам...
Он рӯз бо худ фикр кардам, ки ин амал ду ҳолат дорад: ё мутолиботи ман ва ҳамфикронам дар ҷараёни ин хезиш бо шикаст мувоҷеҳ мешавад ва ё бо пирӯзӣ... Ҳар рӯз ки ба он фикр мекунам, мегӯям чӣ хуб шуд, ки ин эҳсосро дар зиндагиям таҷриба кардам. Аслан ба натиҷааш коре надорам. ”
Ӯ сабаби асосии ба вуҷуд омадани чунин ҳисро дар худ, аз тарбияи хонаводагияш медонад. Тарона Алидӯст мегӯяд, дар хонаводае ба воя расидааст, ки тамоми тасмимҳоро худаш мегирифтааст: “Худам мустақил бошам, ҳарчи дилам мехоҳад бикунам ва ҳарчи дилам мехоҳад бихонам. Ҳатто таҳсилро тарк кунам ва равам ҳунарпеша шавам, яъне ба ин ҳад озодии амал доштам”.
Тарона Алидӯст дар бораи 19 рӯзи зиндагаш дар зиндон қисса мекунад ва мегӯяд, дар он ҷо дӯстони зиёде пайдо кардааст: “Дилам он ҷо монд. Ҳаркӣ ба онҷо рафтааст, инро дарк мекунад ва ин таҷрубаро дошта. Дили одам аз онҷо ба берун ҳеч вақт комил намеояд”.
Баъди озодӣ аз маҳбас ин ҳунарпешаи шинохташуда ба бемории нодири пӯст гирифтор мешавад, ки ӯро аз расонаҳову зиндагӣ бо иҷтимоъ дур мекунад. Ӯ давраи бемориашро, ки дар ин давра ранҷҳои зиёде кашидааст чунин баён мекунад: “Фикр намекардам, ки бо як бемории бисёр нодир фалаҷ мешавам. Ба хотири он, ки ин беморӣ дар дасти ман нест, ман дигар қавӣ набудам, ки бо он мубориза кунам. Ин хеле сахт ва ваҳшатнок буд. Яъне ман наметавонистам, ки ҷойе равам. Ин беморӣ хориҷ аз тавони рӯҳии ман аст. Ин беморӣ тамоми пӯсти бадани инсонро ба якборагӣ аз байн мебарад: аз сар то кафи по. Ва ман сабр кардам, то фаҳмидам, ки чеҳраам бармегардад. Ин хеле сахт буд. Ман намедонистам, ки шабеҳи худам мешавам ё на. Баҳси зебоие аслан вуҷуд надошт. Ҳамон чеҳраи дастурӯшӯстаи субҳамро мегӯям. Вақте ки худамро дар оина намешинохтам ва намедонистам, ки рӯзе хоҳам шинохт, хеле сахт ва ваҳшатнок буд. Ва ман наздики як сол махфӣ шудам. Мӯйҳоям баромад, қиёфаам одӣ шуд ва айни ҳол чуноне, ки мебинед ин вазъи одии ман аст ва ман баргаштам”.
Бо гузашти вақт, вазъи саломатиаш беҳтар мешавад ва ӯ тадриҷан ба зиндагии муқаррарӣ бармегардад.
Тарона Алидӯстӣ имрӯз ошкоро изҳор медорад, ки дигар бо ҳиҷоб дар филмҳо нақш намеофарад ва аз эҳтимоли дур шуданаш аз синамо низ пушаймон нест.
Ин бознгари шинохташуда дар Тоҷикистон низ шуҳрати зиёд дорад ва асосан ӯро аз филмҳои “Шаҳрзод”, “Фурӯшанда”, “Пазироии сода” мешиносанд ва ба ҳунараш алоқа доранду баҳои баланд медиҳанд.
Тарона Алидӯстӣ, ҳунарпешаи номдор ҳоло дар Эрон ба сар мебарад ва мунаққидонаш ӯро ҳамчун “феминисти ашадӣ” нақд мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт