Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар шаҳри Бишкек мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар шаҳри Бишкек дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ мулоқот анҷом доданд.
Президенти Федератсияи Русия дар ҷараёни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳама корҳо пеш меравад, ҳукуматҳои мо дар ҳама самтҳои афзалиятнок фаъолона кор мекунанд.
“Муомилоти молӣ миёни ду кишвар рӯ ба афзоиш аст. Ин муҳимтарин нишон мебошад. Мо, ҳамчунин, дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ бо ҳам дар тамоси доимӣ ҳастем. Мо дарк мекунем, ки дар марзҳои шумо чӣ мегузарад, хадамоти махсус ва сохторҳои қудратии мо низ бо ҳам ҳамкорӣ доранд” – таъкид кард Владимир Путин.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ гуфт, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия бо суръати рӯзафзун рушд мекунанд ва миёни кишварҳо масъалаи ҳалнашуда вуҷуд надорад.
“Муносибатҳои дуҷонибаи мо бо суръати болораванда рушд мекунанд. Муомилоти мо миёни кишварҳо нисбат ба соли гузашта тақрибан 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Яъне, ягон масъалаи ҳалнашуда миёни кишварҳои мо нест, ҳама кор тибқи нақша пеш меравад. Дар вақти сафари давлатии Шумо мо ба созиш расида будем ва ҳоло низ ҳама масъалаҳои мавҷударо баррасӣ хоҳем кард” – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон хабар дод, ки пешниҳоди мулоқот дар Санкт-Петербург рӯзи 21-уми декабр дар нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пазируфтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард