Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Файзалӣ Идизода бо ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Русия мулоқот кард
Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Татяна Москалкова, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Федератсияи Русия мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни гуфтугӯҳо ҷонибҳо масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, мубодилаи таҷриба миёни муассисаҳои омбудсмени ду кишвар, ҳамчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ ва ҳуқуқиро баррасӣ намуданд.
Файзалӣ Идизода гуфт, ки таъсиси ниҳоди умумибашарии ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, яъне институти Омбудсмен далели рушди устувори демократӣ ва таҳкими принсипҳои вилоияти қонун дар кишварҳо аст.
“Фаъолияти Омбудсмен дар Тоҷикистон ба таҳкими кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатӣ аз ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванди кишвар равона шуд ва ҳамзамон иҷрои онҳо дар амалро таъмин мекунад”- таъкид кард ӯ.
Файзалӣ Идизода ҳамчунин, хотиррасон кард, ки институти ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон соли 2008 таъсис ёфта, аз ҳамон замон ба яке аз абзорҳои муҳимми ислоҳоти ҳуқуқӣ табдил шудааст. Илова ба ин, дар кишвар муассисаи ваколатдори ҳуқуқи кӯдак низ бо муваффақият фаъолият дорад.
Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки фаъолияти самараноки парлумон ва омбудсменҳо дар рушди ширикии стратегии кишварҳо нақши муҳим мебозад. Ӯ аҳамияти ҳамкории муассисаҳои қонунгузор, сохторҳои соҳавӣ ва ниҳодҳои ҳимояи ҳуқуқи инсонро барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба таъкид намуд.
“Рушду таҳкими муносибатҳои стратегии Тоҷикистон ва Русия ба фаъолияти муассири парлумонҳо, ҳамкории ниҳодҳои вобаста ва иҷрои босамари уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста аст. Парлумони Тоҷикистон дар рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва робитаҳои ҳуқуқӣ саҳми шоиста мегузорад” – гуфт Идизода.
Дар навбати худ Татяна Москалкова барои пазироӣ изҳори сипос карда, аҳамияти мубодилаи системавии таҷриба миёни институтҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Русия ва Тоҷикистонро таъкид кард. Ба гуфтаи ӯ, рушди механизмҳои ҳуқуқии ҳимояи шахсият, аз ҷумла дар сатҳи ҷомеа ва сохторҳои парлумонӣ, ба таҳкими принсипи демократӣ ва арзишҳои инсонгароӣ мусоидат мекунад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколама ва татбиқи ташаббусҳои муштарак иброз намуданд, ки ҳадаф аз онҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, ҳимояи табақаҳои иҷтимоии осебпазир ва такмили механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон аст.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо садоқоати худро ба идомаи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ҳуқуқи инсон, фаъол гардидани робитаҳои байнипарлумнӣ ва мубодилаи таҷриба дар масъалаҳли қонунгузорӣ дар бораи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон тасдиқ намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард