Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро ба рӯйхати таҳримҳои зидди Эрон шомил кард
Муомилаи бузурги Риёз ва Димишқ: оё Ҷавлонӣ дар ивази миллионҳо доллар ба Яман ҷанговар мефиристад?
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Дар Ӯзбекистон соҳибмансаберо барои ба оғӯш гирифтани як зан дар видеоконфронс аз мақом барканор карданд
Як масъули ҳукумати Ӯзбекистон баъд аз пахши рафтори ношоиста дар як видеоконфронс аз вазифа барканор гардид. Расонаҳои ӯзбекистонӣ навиштанд, ки Раиси шуъбаи шуғл ва коҳиши камбизотии ноҳияи Каттақурғони вилояти Самарқанд, шаҳрванд А. А. дар вақти доир намудани видеоконфронс ба хатои ҷиддӣ роҳ додааст.
Ин навор зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд. Ин соҳибмансаб баъди дар ҷараёни баргузор кардани видеокластер дар ҳузури ширкаткунандагон бидуни он ки камераро хомӯш намояд, як занро ба рӯйи зонуяш нишонда, ба оғӯш гирифтааст. Ин рафтори ғайрикасбӣ ва ношоиста вокуниши густурдаи ҷомеаро ба бор овард.
Вазорати шуғл ва коҳиши камбизотии Ӯзбекистон бо нашри изҳорот гуфт, ки ин ҳолат мавриди омӯзиши амиқ қарор гирифт ва ҳар ду шахси ширкаткунандаи ин ҳодиса аз кор озод гардиданд. Тибқи изҳороти расмӣ шартномаи меҳнатии онҳо қатъ гардид.
Мансабдор А. А. аз моҳи декабри соли 2023 роҳбарии ин шуъбаро ба уҳда дошт. Мақомоти расмӣ таъкид карданд, ки чунин рафтор дар зиддият бо меъёрҳои ахлоқии хизмати давлатӣ қарор дошта, чораҷӯии қатъи дар чунин ҳолатҳо идома дорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар эраи нави робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ
Чин аз Русия хост эътирофи расмии Толибонро лағв кунад
Ба Президенти мамлакат ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ тақдим гардид
Ба оилаи афсари ҳалокшуда дар сарҳад хонаи истиқоматӣ тақдим гардид