Агентии обуҳавошиносӣ: “Се рӯзи оянда омадани сел пешгӯӣ мешавад”
Қариб як сол дер. Санаи баргузории Ҷоми Осиё-2027 тағйир ёфт
Беш аз 97 фоиз. Вазорати мудофиа ҳолати иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳиро эълон кард
Иштироки Пешвои миллат дар Иди картошка
Накаут дар раунди якум. Давлат Болтаев ҳам қаҳрамон шуд ва ҳам соҳиби хона
Шоми 22-юми июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии шаҳри Душанбе мусобиқаи “Шоми бокс” доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур ҳамчун меҳмони фахрӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат варзид.
Аз ҷиҳати муҳимият дуюм рақобати мусобиқа муҳорибаи Давлат Болтаев ва муштзан аз Нигерия Соломон Адебайо буд, ки мутшзани тоҷик дар раунди аввал ҳарифашро нокаут карда, унвони қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental-ро соҳиб шуд
Пас аз муҳориба Умар Кремлев, раиси Ассотсиатсияи байналмилалии бокс ҳамчун туҳфа ба Давлат Болтаев калиди хонаи истиқоматӣ дод.
Давлат Болтаев дар навбати худ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ миннатдорӣ карда, ваъда дод, ки дар ояндаи наздик камарбанди чемпионии ҷаҳонро ба миён мебандад.
Дар муҳорибаи асосии мусобиқа Баҳодур Усмонов ва муштзани камерунӣ Кристофер Муафо рақобат карданд. Дар натиҷа, бо қарори якдилонаи доварон муштзани тоҷик камарбанди қаҳрамонии IBA.PRO Intercontinental дар вазни сабукро ҳимоя кард.
Гуфтан ба маврид аст, ки Баҳодур Усмонов моҳи майи имсол дар мусобиқаи «IBA.PRO 6» дар раунди сеюм муштзани филиппинӣ Алберт Пагаруро нокаут карда, унвонҳои IBA.PRO Intercontinental ва WBA Gold-ро дар вазни сабук соҳиб шуда буд.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Обама пас аз пирӯзии демократҳо: Мардуми Амрико хостори поёни тафриқаанд
Гардиан: Ду соли душворе дар интизори Трамп аст
Таънаи Маск пас аз сарфи 250 миллион доллар барои ҷумҳурихоҳон
Тоҷикистон бо Бонки рушди Олмон дурнамои ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кард