Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Пешвои миллат бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Арманистон рафтанд
Масъалаи иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика дар дидори Далер Ҷумъа ва Моаззам Мекан матраҳ гардид
Русия дар шаш ҳафта пойгоҳи бузурги партоби паҳподҳо бунёд кард
Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия сафар мекунад
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия дар рӯзи 17-уми март дар Русия масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ду кишварро баррасӣ хоҳанд кард.
Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки оғози ҳафтаи оянда Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ ба Федератсияи Русия меравад.
Дар иттилое, ки Хадамоти матбуоти президенти Федератсияи Русия нашр кардааст, таъкид мешавад, “Дар музокирот дурнамои рушди ояндаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Русияву Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва башардӯстона баррасӣ мешавад”.
Дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар формати онлайн дар маросими оғози сохтмони Маркази байналмилалии таълимӣ барои кӯдакони болаёқат ва Театри ба номи Маяковский иштирок хоҳанд кард.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия санадҳои муҳимме дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо мерасанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст