Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Президенти кишвар чанд қонун, аз ҷумла «Дар бораи муҳоҷират»-ро имзо карданд
Нимпайкараи Қаҳҳор Маҳкамов дар Хуҷанд гузошта шуд
Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон гузаргоҳҳои марзиро боз мекунанд
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов рӯзи 13-уми март дар як маросими онлайн марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистонро боз хоҳанд кард. Дар ин хусус, расонаҳои Қирғизистон бо такя ба мақомоти вилояти Бодканд хабар медиҳанд.
Дар маросими кушодани гузаргоҳҳои Қайроғоч ва Қизил-Бел президентҳои ду кишвар ба таври онлайн иштирок хоҳанд кард.
Гузаргоҳҳои марзӣ миёни ду кишвар дар ҳоле боз мешавад, ки рӯзи 12-уми март президенти Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар карданд. Тибқи иттилоъ, дар ин сафари дурӯза президентҳои ду кишвар созишномаи ниҳоии марзро имзо намуда, дар хусуси густариши ҳамкориҳои ҳамаҷониба гуфтугӯ хоҳанд кард.
Гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар пайи муноқишаҳои хунинӣ сарҳадӣ дар моҳи майи соли 2021 баста шуд. Муноқишаи хунини сарҳадӣ 28-уми апрели соли 2021 дар минтақаи сарҳадии обтақсимкунии “Головной” рӯй дода буд. Сарвазири онвақтаи Қирғизистон Улукбек Марипов гуфта буд, ки ҳаракат ба воситаи гузаргоҳҳо то пурра ҳал шудани мушкилоти марзӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон қатъ карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимми ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо хоҳад расид. Баъди имзои созишномаи ниҳоии марз ҳар ду кишвар омодагии худро барои густариши муносибатҳо нишон медиҳанд. Дар сафари ахири сарвазири Қирғизистон Адилбек Қасималиев таъкид шуд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишварро ба 500 миллион мерасонанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад