Доналд Трамп дар номаи “муҳтарамона” ба Байден чӣ навишта буд ва чаро муҳтавои он пас аз 6 сол ошкор мешавад?
Хакерҳо аз Қазоқистон санадҳои амнияти миллии Тоҷикистонро рабудаанд
“Рӯзи илмии Сино” дар донишгоҳи Бутто. Сафири Тоҷикистон ва Эрон аз ҷойгоҳи ҷаҳонии Сино гуфтанд
Амнияти Осиёи Марказӣ дар ҷаҳони бисёрқутбӣ: вазирони хориҷӣ дар Маскав чӣ гуфтанд?
Хашми Илон Моск аз харҷи миллиардҳо: “Радиои Озодӣ” ва “Садои Амрико” баста шавад”
Илон Моск, миллиардер ва мушовири Доналд Трамп аз ҳукумати Амрико хостааст, ки расонаҳои “Садои Амрико” ва “Радиои Аврупои озод” –ро бибандад. Ӯ гуфтааст, ки расонаҳои зикршуда бефоидаанд ва солона як миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро беҳуда харҷ мекунанд.
Қаблан, Ричард Гренелл намояндаи хоси президенти Амрико дар корҳои маъмурияти хос дар шабакаи иҷтимоии «Х» аз расонаҳои «Радиои Аврупои озод» ва «Садои Амрико» шадидан интиқод карда, расонаҳои зикршударо “ниҳодҳои давлатӣ” ва пур аз фаъолони “чапгарои ифротӣ” номида буд.
Пас аз интиқоди шадиди Ричард Гренелл аз “Радиои Аврупои озод” ва “Садои Амрико” Илон Моск, ки масъулияти коромадии ҳукумати Амрикоро бар дӯш дорад, дар посухи ошкоро дастгирии худро аз баста шудани ин расонаҳо эълон кард. Ӯ дар посух ба суоли Гренелл навишт, ки “Бале, онҳоро бандед”.
Ӯ, инчунин, бо ишора ба тағйироти сиёсӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва коҳиш ёфтани шунавандагони расонаҳои зикршуда илова кард: “Аврупо ҳоло озод аст ва дигар касе ба ин расонаҳо гӯш намедиҳад. Танҳо гурӯҳе аз чапгароёни ифротӣ бо худ суҳбат мекунанд ва дар ин миён ҳар сол як миллиард доллар пули андозсупорандагони амрикоиро ба бод медиҳанд”.
“Радиои Аврупои озод”, ки қароргоҳаш дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия воқеъ аст, бо забонҳои мухталиф барнома пахш мекунад. Аз ҷумла, дар Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон “Радиои Озодӣ” фаъолият менамояд.
Нигаронии мушовирони Доналд Трамп барои ба бод рафтани миллард доллар дар ҳолест, ки чанд сол қабл радиои машҳури “Би-би-сӣ” барои кам намудани хароҷоташ бахшҳои мухталифи ин радиоро баст. Аз ҷумла, бахши тоҷикии он дар Тоҷикистон баста шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад
Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд
Аз хонае 23 ҳазор сомонӣ рабуд. Судшуда боз ба ҷиноят даст зад
Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт