Ҷӯра Ҳошимӣ, адиби кӯдакону наврасон дар 78-солагӣ даргузашт
Иштироки Матлубахон Сатториён дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ»
Дар Тоҷикистон 1050-солагии Робиаи Балхиро таҷлил карданд
Ҷашнвораи VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид. Тоҷикистонро кадом театрҳо намояндагӣ мекунанд?
4 нафар “Шоҳҷоиза”-и Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро соҳиб шуданд
Дар шаҳри Душанбе маросими супоридани ҷоизаҳои ғолибони озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” доир гардид ва ба чор нафар ғолиби озмун “Шоҳҷоиза” супорида шуд.
“Шоҳҷоиза”-ро хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и шаҳри Кӯлоб Малика Ҳасанова дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ сазовар гардид. Инчунин, хонандаи синфи 9-и Мактаби Президентӣ дар шаҳри Хоруғ Шаина Мабатқадамова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, хонандаи синфи 11-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №69-и ноҳияи Восеъ Сабрина Шарифзода сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик ва хонандаи синфи 3-и Гимназияи №4-и шаҳри Душанбе Асилабону Алимова сазовори Шоҳҷоиза дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон шуданд.
Гуфта мешавад, ки имсол аз 21 нафар ғолиби ҷойи якум 15 нафар барои дарёфти шоҳҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ариза пешниҳод намуда, байни ҳам дар чор номинатсия – кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикии тоҷик, адабиёти муосири тоҷик ва адабиёти ҷаҳон рақобат намуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"