10 Ноябр 2026,
сешанбе, 14:27, Душанбе
10.11.2026 13:58

Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад

Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.

Мунир Сутурӣ, узви парлумони Аврупо аз Фаронса гуфт, музокира бо Толибон дар масъалаи боз гардондани муҳоҷирони афғон бо арзишҳои демократӣ ва принсипҳои асосии Иттиҳоди Аврупо мухолифат мекунад.

Ин вакили парлумони Иттиҳоди Аврупо дар мақолае дар сомонаи “Европа экология” навишт, мавқеи Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала, на дар Шурои корҳои хориҷии ин иттиҳод баррасӣ шудааст ва на аз сӯи парлумони Аврупо ба тасвиб расидааст.

Ӯ таъкид намуд, ки Толибон бар ивази ҳамкорӣ барои боз гардондани паноҳҷӯёни афғон аз кишварҳои аврупоӣ хостаанд, ки намояндагӣ ва сафоратхонаҳои Афғонистон дар кишварҳои аврупоиро дар ихтиёри онҳо гузоранд ва ба Афғонистон кумаки иқтисодӣ кунанд.

Мунир Сутурӣ мегӯяд, нигаронӣ аз паноҳҷӯён дар кишварҳои Аврупо дигар фақат ба ҳукуматҳои ростгарои ин кишварҳо вобаста нест. Ӯ таъкид кард, ки ҳатто ҳукуматҳои сотсиал-демократӣ низ зери таъсири ин раванд қарор гирифтаанд. Ӯ аз ҳукумати Мете Фредериксен дар Дания, эътилофи ҳокими Олмон бо роҳбарии Фридрих Мертс мисол овард, ки дар ҳайати онҳо сотсиал-демократҳо ҳузур доранд.

Ин намояндаи парлумони Иттиҳоди Аврупо гуфт, чунин равиш метавонад боиси он шавад, ки ҳукуматҳои аврупоӣ ва Комиссияи Аврупо аз баъзе принсипҳое, ки пояи низоми демократии ин иттиҳодияро ташкил медиҳанд, даст кашанд. Ӯ ҳушдор дод, ки агар кишварҳои аврупоӣ барои боз гардондани паноҳҷӯёни афғон бо Толибон, сарфи назар аз гузоришҳо дар хусуси нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон музокира кунанд, эҳтимол дорад, дар оянда ҳамин усулро дар муносибат бо дигар ҳукуматҳо истифода кунанд.

“Шояд фардо барои бозгардонидани шаҳрвандони Русия ва Эрон ба кишварҳояшон бо Владимир Путин ё руҳониёни Эрон низ музокира кунанд. Ин авҷи зиддият аст” – навиштааст Мунир Сутурӣ дар мақолаи худ.

Ӯ аз Йоханнес Лухнер, муовини бахши муҳоҷират дар Комиссияи Аврупо ва яке аз ташкилкунандагони нишасти Брюссел хост, дар хусуси музокира бо Толибон ба парлумони Иттиҳоди Аврупо шарҳ диҳад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.11.2026 14:07

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
10.11.2026 14:03

Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд

Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
10.11.2026 13:58

Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад

Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.
10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
10.11.2026 08:37

Тоҷикистон ва Покистон дар Черат машқҳои муштараки низомӣ баргузор намуданд

Машқҳои муштараки низомии Тоҷикистону Покистон дар тамрингоҳи минтақаи Черати Покистон бо номи “Дӯстӣ-III” баргузор шуд. Дар ин тамринҳои зиддитеррористӣ низомиёни ду кишвар табодули таҷриба намуда, такмил додани омодагии ҷангиро тамрин карданд.
10.11.2026 07:23

Русия барои Тоҷикистон 100 ҳазор тонна сӯзишвории дизелии иловагӣ ҷудо мекунад

Федератсияи Русия барои содирот 100 ҳазор тонна сӯзишвории иловагӣ ба Тоҷикистон ҷудо мекунад. Баъди ин қарор ҳаҷми умумии воридоти сӯзишвории дизелӣ ба Тоҷикистон дар соли 2026 ба 550 ҳазор тонна мерасад.
10.11.2026 06:17

Тоҷикистон низоми идоракунии рақамӣ ва истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетикаи Қазоқистонро меомӯзад

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми ноябр дар ҷараёни мулоқот бо масъулони ширкати милли шабакаҳои барқи Қазоқистон “KEGOC” бо имкониятҳои нави идоракунии шабакаҳои барқӣ, аз ҷумла истифодаи ҳуши маснуӣ дар соҳаи энергетика шинос шудааст.