Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Трамп: “Нафрати миёни Путин ва Зеленский монеаи асосии сулҳи Украина аст”
Гади Айзенкот ба ҷои Нетаняҳу сарвазири нави Исроил мешавад
Трамп: “Ҷанг бар зидди Эрон ва норозигии мардум аз Исроил омили шикаст дар интихобот буд”
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
Дар ин бора расонаҳои афғонистонӣ хабар дода, навиштаанд, раиси Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Пактиё як гурӯҳ коргарони ин ниҳодро аз кор барканор ва ба ҷойи онҳо касонеро ба кор қабул карда, ки аксарашон бо раис робитаи хешутаборӣ ва шахсӣ доранд.
Касоне, ки аз ин иқдоми раиси Ҳилоли Аҳмар хабар доранд, дар суҳбат бо телевизиони “Amu TV” гуфтаанд, ки баъзе аз коргарони барканоршуда беш аз даҳ сол дар ин созмон фаъолият доштанд. Тибқи гуфтаи онҳо, қисми зиёди коргарони нав аз ноҳияи Зурмат, ки зодгоҳи раиси намояндагии Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Пактиё, интихоб шудаанд.
Дар маҷмуъ, намояндагии Ҳилоли Аҳмар дар Пактиё тақрибан 120 корманд дорад. Манобеи “Amu TV” иддао мекунанд, ки пас аз тағйироти ахир дар ҳайати кормандон дигар намояндагони қавмҳои гуногун дар ин сохтор боқӣ намондаанд.
Яке аз кормандони ин ниҳод, ки ба далели нигарониҳои амниятӣ нахостааст шахсияташ ошкор шавад, тарзи барканории ҳамкоронашро зери суол бурдааст. Ӯ гуфтааст, ки тибқи тартиби муқаррарӣ, нисбат ба корманди қонуншикан бояд аввал чораҳои огоҳкунанда андешида шаванд ва танҳо баъд аз баррасии қазия масъалаи аз кор озод кардани ӯ матраҳ гардад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"