17 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:15, Душанбе
19.10.2024 10:46

ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ СУПОРИШ ДОД, КИ 4700 ПУЛ ТАЪМИР ШАВАД

Бар асоси барномаи сесолаи Ӯзбекистон бояд 4700 пулҳои ниёзманди навсозӣ дар ин кишвар таъмир карда шавад.

16-уми октябр президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни муаррифии корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи сохтмони роҳ супоришҳои лозимаро ироа намуд.

Тибқи таҳлили Созмони Милали Муттаҳид роҳҳои босифат рушди иқтисодии Ӯзбекистонро ҳадди аққал 2 фоиз зиёд мекунанд.

Бар асоси иттилои Хадамоти матбуоти президенти Ӯзбекистон, имрӯз бо ҳамкории созмонҳои байналмилалии молиявӣ шаш лоиҳаи азнавсозии 729 километр роҳ амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони қитъаи 240 километрии роҳ, ки шаҳрҳои Кунград ва Бейнеуро бо ҳам мепайвандад, ба анҷом расонида шаванд.

Илова ба ин, қисмҳои алоҳидаи роҳҳои Гулистон-Андиҷон, Душанбе-Тирмиз, Бухоро-Туркманбошӣ ва Ургенҷ-Хазарасп аз таҷдид мегузаранд. Президент, инчунин, зарурати суръат бахшидани лоиҳаҳои сохтани роҳҳои пулакӣ байни Тошканд-Самарқанд ва Тошканд-Андиҷонро бо қитъаҳое, ки сатҳи баланди трофикӣ доранд, таъкид кард: “Бо назардошти мавқеи ҷуғрофиёии Ӯзбекистон роҳҳои байналмилалӣ дар тиҷорати хориҷӣ аҳамияти калон доранд. Аз ин рӯ, роҳҳои 4 ҳазор километрии мо, ки Андиҷон-Кунград ва Тирмиз-Тошкандро ба ҳам мепайвандад, бояд ба стандартҳои баландтарин посухгӯ бошанд."

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2023 дар ҷаласаи парлумонии ин кишвар хабар дода шуд, ки дар Ӯзбекистон 14 863 пул мавҷуд аст: аз онҳо 4834 (32%) дар ҳолати ғайриқаноатбахш ва 5-6% дар ҳолати номувофиқ қарор дорад.

Манбаъ: радиои "Озодлик" 

Хатти хабарҳо

17.11.2026 10:58

Тими футболи Тоҷикистон барои ба даст овардани Ҷоми шоҳ бо тими Тайланд рақобат мекунад

Мунтахаби Тоҷикистон рӯзи 17-уми ноябр дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми шоҳ” (King’s Cup) бо тими миллии Тайланд рақобат мекунад. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи музофотии Сисакети Тайланд, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (17:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
17.11.2026 10:51

Як мақоми олирутбаи ВКХ-и Амрико рӯзҳои оянда ба Тоҷикистон сафар мекунад

Муовини котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландау дар доираи сафари минтақавӣ аз 16 то 24-уми ноябр ба Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон сафар мекунад. Дар Душанбе ӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон ва намояндагони бахши хусусӣ мулоқот карда, густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.
17.11.2026 09:44

Путин баъди дидор бо Трамп ва Ҷинпин рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба Душанбе меояд

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баъди дидор бо Доналд Трамп, президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Си Ҷинпин, роҳбари Ҷумҳурии мардумии Чин дар Чин бо сафари расмӣ рӯзҳои 18 ва 19-уми ноябр ба шаҳри Душанбе меояд.
17.11.2026 09:24

Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Исҳоқ Дор масъалаҳои тиҷорат ва энергетикаро баррасӣ карданд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин рӯзи 16-уми ноябр дар ҳошияи Иҷлоси 30-юми Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор мулоқот кард.
17.11.2026 09:19

Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳаи сеюми моҳи ноябр дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ «Доирабазм» баргузор мегардад.
17.11.2026 09:18

Сироҷиддин Муҳриддин таҳкими ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲИ-ро амри зарурӣ донист

16-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин дар 30-умин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд.
17.11.2026 09:17

Тоҷикистону Қазоқистон ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи муҳити зистро муҳокима карданд

Дар ҳошияи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо вазири экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Алибек Куантиров мулоқот намуд.
16.11.2026 13:48

Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?

Қарор аст раҳбарони Иёлоти Муттаҳида, Русия ва Чин ҳафтаи оянда дар шаҳри Шэнҷени Чин мулоқот кунанд. Ин нишаст, ки метавонад ба яке аз рӯйдодҳои муҳимми дипломатии солҳои охир табдил ёбад, дар ҳоле баргузор мешавад, ки се кишвар дар мавриди масъалаҳои калидии байналмилалӣ мавқеъҳои гуногун доранд.
16.11.2026 13:40

Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид

Имрӯз, 16-уми ноябр вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо намояндагони Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ ва Бозори байналмилалии ҳунарҳои мардумии Санта-Фе вохӯрӣ намуд.
16.11.2026 13:37

Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад

Вазирони корҳои хориҷии Австралия, Канада, Британияи Кабир ва Италия дар як изҳороти муштарак аз Исроил даъват карданд, ки барои ворид шудани кумакҳои башардӯстона ба навори Ғазза иҷозат диҳад.