24 Ноябр 2026,
сешанбе, 13:37, Душанбе
24.11.2026 13:23

Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад

Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим, зиёд шудани теъдоди парвозҳо ва густариши ҳамкориҳои авиатсиониро баррасӣ намудааст. Ин масъала дар мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсияи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Монреали Канада матраҳ шудаанд.

Тибқи иттилои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мулоқотҳо дар ҳошияи Иҷлосияи 43-юми Ассамблеяи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ доир шудаанд. Иҷлосия рӯзҳои 19 то 21-уми ноябри соли 2026 идома дошт.

Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи гражданӣ ҳайати Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои рушди ояндаи авиатсияи ҷаҳонӣ, такмили низоми идоракунии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва тақвияти ҳамоҳансозии фаъолияти кишварҳои узв баррасӣ шудаанд.

Ҳамчунин, намояндагони кишварҳо дар бораи густариши ҳайати шурои “ICAO”, пешбарӣ ва интихоби намояндагон ба ниҳодҳои роҳбарикунандаи созмон ва иштироки бештари кишварҳои узв дар қабули қарорҳои стратегии соҳа табодули назар кардаанд.

Дар ҳошияи ин иҷлосия Ҳабибулло Назарзода бо роҳбарон ва намояндагони мақомоти авиатсияи чанд кишвар мулоқотҳои дуҷониба анҷом додааст. Бар асоси иттилои Агентии авиатсияи гражданӣ, ҷонибҳо имконияти таъсиси хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ, зиёд кардани басомади парвозҳову роҳандозии самтҳои нави байналмилалиро баррасӣ намудаанд.

Дар ин мулоқотҳо ҳамчунин, масъалаи густариши ҳамкориҳои байниидоравӣ, роҳандозии шарикиҳои мутақобилан судманд ва мушаххас намудани самтҳои муштараки рушди соҳаи авиатсия матраҳ шудааст.

Агентии авиатсияи гражданӣ мегӯяд, ки ширкати Тоҷикистон дар чунин нишастҳои байналмилалӣ ва баргузории машваратҳои дуҷониба метавонад ба ҷалби сармоягузорӣ, пайдо кардани шарикони нави рушд ва истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи кишвар мусоидат кунад.

Бо вуҷуди ин, дар иттилои расмӣ номи кишварҳое, ки бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи роҳандозии парвозҳои мустақимро баррасӣ кардаанд зикр нашудааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.11.2026 13:23

Тоҷикистон мехоҳад хатсайрҳои нави байналмилалӣ ба роҳ монад

Тоҷикистон бо як қатор кишварҳо имконияти роҳандозии парвозҳои мустақим, зиёд шудани теъдоди парвозҳо ва густариши ҳамкориҳои авиатсиониро баррасӣ намудааст. Ин масъала дар мулоқоти намояндагони мақомоти авиатсияи Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ дар шаҳри Монреали Канада матраҳ шудаанд.
24.11.2026 13:07

Оғози намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар Париж

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толори «Зал де Актс»-и қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими кушодашавии намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид.
24.11.2026 09:28

Исроил дар 16 соли охир шумораи рекордии худкушӣ дар байни низомиёнашро сабт кард

Дар соли 2026 шумораи низомиёни исроилӣ, ки даст ба худкушӣ задаанд, ба баландтарин сатҳ дар 16 соли охир расидааст. Ба гуфтаи манобеи исроилӣ, афзоиши ин ҳолатҳо пас аз оғози ҷанг дар Ғазза дар моҳи октябри соли 2023 идома дорад.
24.11.2026 09:22

Либия: Ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозӣ “эълони ҷанг” аст

Мақомоти баландпояи Либия ҳамлаи Украина ба бандари Бенғозиро амали душманона ва баробар ба эълони ҷанг алайҳи ин кишвар арзёбӣ кардаанд. Онҳо ҳушдор медиҳанд, ки баъзе ҷонибҳо мехоҳанд Либияро ба низоъҳои Украина ва Судон ҷалб кунанд.
24.11.2026 09:06

Аз соли нав тартиби нав. Пардохти 100-сомонаи кирокашҳо бекор шуд

23-юми ноябр таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи давлатии татбиқи ислоҳоти рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ҷаласаи Комиссия баргузор гардид, ки дар он татбиқи ислоҳоти рақамӣ, сифати хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии низомҳои иттилоотӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва вазифаҳои минбаъдаи вазорату идораҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
23.11.2026 18:48

Артиши Исроил: Ҳамла ба Эрон метавонад ҷангро дар тамоми минтақа густариш диҳад

Идораи иктишофии низомии артиши Исроил ба мақомоти баландпояи ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳамлаи ҷадид ба Эрон метавонад боиси оғози ҷанг дар чандин ҷабҳа, аз ҷумла Лубнон, Сурия ва Ғазза шавад.
23.11.2026 15:25

Бузургдошти Сино ва Хайём. Бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегардад

Аз 23-юм то 27-уми ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи чорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ бахшида ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс Абӯалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор мегардад.
23.11.2026 14:13

Ду фоиз зиёд шудааст. Аҳолии Тоҷикистон ба беш аз 10,8 миллион нафар расид

Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 1-уми октябри соли 2026 шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 миллиону 867 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 фоиз зиёд мебошад.